12:22 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Видео

Нашри суруди ҷадиди Шабнами Сурайё, аз эҷодиёти Далер Назаров - навори пурра

Гирифтани линки кӯтоҳ
113510
© Youtube / Shabnam Surayo Official

Овозхони номдори Тоҷикистон Шабнами Сурайё яке аз сурудҳои машҳуртарини маэстро Далер Назаров - "Чак-чаки борони баҳор" - ро бозхонд.

Шабнами Сурайё рӯзи 20 июл дар саҳифааш дар шабакаи Youtube навори ҷадид нашр кардааст. Ӯ суруди машҳури маэстро Далер Назаров "Чак чаки борони баҳор" - ро бозхонӣ кардааст.

То имрӯз наворро беш аз 90 ҳазор кас боздид карда, наздики 3 ҳазор нафар писандидааст.

Бархе аз корбарон аз бозхонии Шабнам истиқбол кардаанд, вале гурӯҳе гуфтаанд, ки ӯ аз уҳдаи иҷрои ин суруд набаромадааст.

Бояд гуфт, ки "Чак-чаки борони баҳор" - ба қалами шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ тааллуқ дошта аз сурудҳои машҳуртарини маэстро Далер Назаров мебошад.

То ин дам ин суруд аз ҷониби овозхонони машҳури гуногуни ҷаҳон иҷро шудааст.

“Чаки чаки борон”-и Далер Назаров дар тарҳи коргардони Русия Иван Шаповалов “Поднебесы”

Юлдуз Усмонова Ҳунарманди мардумии Узбакистон рӯзи 8 марти соли 2009 дар саҳнаи Кохи Борбад бо Далер Назаров ин сурудро иҷро карда онро аз дӯстдоштатаринаш гуфт.

Солҳо пеш ҳам як писарбачаи узбакистонӣ Ҷӯрабек Ҷӯраев бо иҷрои ин суруд корбарони интернетро тасхир карда буд.

Писарча чунон машҳур гардид, ки ба барномаи машҳури Малахов даъват шуд.

Анита Фигел - овозхони лаҳистонӣ дар "Шоми дӯстии Тоҷикистону Лаҳистон", ки шоми 12 сентябри соли 2019 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд, суруди маэстро Далер Назаров - "Чак-чаки борони баҳор" - ро иҷро карда буд.

Ҳамчунин, ситораи интернет сарояндаи навраси тоҷик Абдурозиқ низ ахиран суруди ҳунарманди нотакрор Далер Назаров - "Чак Чаки борони баҳор", пешкаши мухлисон карда буд.

Барчаспҳо:
бозхонӣ, суруд, Шабнами Сурайё, Далер Назаров

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ