Аз Камчатка то Балтик: чигуна Русия Рӯзи неруҳои баҳриро ҷашн гирифт

Обуна шудан
Дар Русия Рӯзи нерӯҳои баҳриро таҷлил карданд. Ин рӯз дар ҳамаи шаҳрҳои кишвар аз Камчатка то Балтик ҷашн гирифта шуд

Нахустин шуда ин ҷашнро дар Петропавловск, Камчатка ва Владивосток таҷлил карданд. Он ҷо низомиён ва киштиҳои флоти Баҳри Ором ширкат карданд.

День ВМФ в городах России - Sputnik Тоҷикистон
Паради пуршукӯҳ бахшида ба Рӯзи флоти ҳарбии Русия - анҷоми пахши мустақим

Паради асосӣ чу анъана дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуд. Президенти Русия Владимир Путин низ дар ин гузашти низомӣ ширкат кард.

Беш аз 40 киштӣ аз халиҷи Фин гузашт карданд. Миёни онҳо киштии бозсозшудаи "Полтава" низ буд. Пасон қисми гузашти низомии ҳавоӣ шурӯъ шуд.

Аз болои пойтахти шимолии Русия беш аз 40 адад техника, парвоз карда, Су-25 осмонро бо парчами кишвар ороиш дод.

Гузаштҳои низомӣ ҳамчунин дар Севастопол, Балтик ва Североморс ва ҳамчунин бори нахуст дар шаҳри Каспийски Доғистон баргузор шуд.

Ҳамчунин низомиёни рус, ки дар Сурия қарор доранд, иди касбиашонро таҷлил карданд. Онҳо дар бандаргоҳи Тартус ҷашн оростанд. Наворҳои ҷолиби таҷлили Рӯзи нерӯҳои баҳрии Русияро аз навори зер тамошо кунед.

Лентаи хабарҳо
0