01:05 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Видео

Трамп Меркелро ҷазо медиҳад: Олмонро пас аз хурӯҷи низомиёни амрикоӣ чӣ интизор аст -навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
361 0 0
Sputnik/RUPTLY

Амрико тасмим гирифт, нуфузи низомиёни худро дар хоки Олмон коҳиш диҳад. Ин кишварро рпас аз хуруҷи низомиёни амрикоӣ чӣ интизор аст?

Ҳанӯз моҳи июн кишвардори Амрико Доналд Трамп дар мавриди берун овардани низомиёни худ аз олмон хабар дода буд.

Ҳоло бошад, роҳбари Пентагон Марк Эспер расман ин тасмими ИМА - ро тасдиқ кард.

"Ҳоло тақрибан 11,9 ҳазор сарбози амрикоӣ аз Олмон кӯч дода мешаванд ва шумораи онҳо то 24 ҳазор коҳиш меёбад", - изҳор дошт роҳбари Пентагон.

Тақрибан 6000 сарбози амрикоӣ ба ватан бармегарданд, ва боқимондаҳо ба гарнизони дигари Аврупо интиқол дода мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Президенти Русия, Дмитрий Песков тасмими Трампро танҳо корҳои дохилии ИМА номид.

Лаҳистон ва Украина бар зидди сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” муттаҳид шуданд

Ҳукуматдорони Олмон, ки қаблан дар бораи Иёлоти Муттаҳида назарҳои дағалона иброз медоштанд, ҳоло бо онҳо эҳтиёткорона сухан мегӯянд.

Гуфта мешавад, давлатҳои Балтика ва Полша, ки дар онҷо Иёлоти Муттаҳида метавонад қӯшунҳоро ҷойгир кунад, аз ин вазъ бештар манфиат гиранд.

Ин маънои онро дорад, ки шумораи низомиёни амрикоӣ дар марзи Русия афзоиш хоҳад ёфт.

Барчаспҳо:
Амрико, низомиён, Олмон, Ангела Меркел, Доналд Трамп

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ