Заур Дахте - марде аз сарзамини Эрон

Обуна шудан
Заур Рустамович Дахте соли 1936 дар минтақаи Доғистони Русия таваллуд шудааст. Вай то ба имрӯз 13 филми ҳунарӣ ва ҳудуди 700 филми мустанадро ба навор гирифтааст

Ҳамшаҳри онлайн - Илоҳаи Касмоӣ: Агар дар шаҳри Душанбе дилат барои  Теҳрон танг шуд, метавонӣ саре ба Заур Дахте  бизанӣ, ки ҳамвора дар аввалин телефоне, ки ба ӯ мезанӣ, то бигӯӣ ба дидорат меоям, зудтар аз ту мегӯяд: Пас куҷоӣ? Биё бибинамат.

Выставка картин Заур Дахте в национальном музее - Sputnik Тоҷикистон
Аз ҳаёти сиёсӣ то урфу одот: "Уфуқҳои дӯстӣ"-и Заур Дахте дар Осорхонаи миллӣ

Калимаҳои эронии эронӣ, ё беҳтар бигӯям теҳронии теҳронӣ. Вай меҳрубон аст, чӣ тавре ки ӯ шуморо бетакаллуф қабул мекунад, бетакаллуф низ ба дидори шумо меояд. Вай ором аст, оромии вай аз таҷрибаи солҳои зиёди кор ва саёҳат ба даст омадааст.

Филмбардор ва суратгири шинохта, дорандаи нишони фарҳанги Тоҷикистон ва баргузидаи ҷоизаҳои  гуногуни байналмилалӣ, соли 1936 дар Доғистон таваллуд шудааст. Аз соли 1937 то соли 1951 дар  маҳаллаи Сарчашмаи Теҳрон зиндагӣ ва то синфи шашум дар мактабе дар Теҳрон таҳсил кард.

Баъд аз муддате барои кор ба студияи "Тоҷик филм" ба шаҳри Душанбе омад.

 Заур, филмбардори осоре чун

 "Дидор  дар назди масҷиди кўҳна", "Чор нафар аз чор санг", "Паланги зарурӣ", "Шераки ҷасур", "Маҳалли зиндагиаш осмон", "Одам пўсташро иваз мекунад" ва "Рустам ва Сӯҳроб " мебошад.

Ҳамкории Заур бо коргардони маъруф Борис Кимёгаров дар фаъолиятҳои ў ҷойгоҳи хоссе дорад. Ду филми ў ба Малика Собирова, ситораи балети тоҷик ва Шўравӣ ихтисос дорад. "Малика" филми аввали Заур дар соли 1966 ҷоизаи ҷашнвораи синамои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро дарёфт кард ва соли 1982 пас аз даргузашти Малика Собирова, Заур филми дувуми худро бо номи "Маликаи мо" таҳия кард.

Шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе 60-соли эҷодиёти Заур Дахте қайд мешавад

Дар канори филмбардорӣ, Заур ба суратгирӣ ҳам алоқаи зиёде дорад. Аксҳои ӯ ба мавзӯъҳои гуногун бахшида шудаанд, дар ин аксҳо рангҳои гуногун дида ва гармии қалби суратгир эҳсос мешавад. Аввалин намоишгоҳи акси ў дар соли 2003 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, сипас намоишгоҳи осори аккосиаш дар Чин, Ҳиндустон, Япония, Русия, Фаронса, Олмон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Беларус баргузор шудааст.

Каломи охир,

ӯ инсони парҳезгор, ором, меҳрубон ва албатта сабур аст, ки ба эронӣ буданаш ифтихор мекунад ва  ҳамчун ба унвони як ҳамватани эронӣ, ки хориҷ аз марзҳо ҳанўз хотираи кӯчаҳои Сарчашмаро бо худ дорад. Эрониест, ки Эрон ва фарҳанги бузурги Эронро бо рафтори шоиста муаррифӣ мекунад. Ва ин рафтори шоистаро рўзҳое, ки бо ў филми мустанаде дар борааш месохтам аз наздик шоҳид будам, ин филм дар марҳилаи таҳрир аст. Филм  дар бораи Заур, ҳамон Заури худамон аст.

Лентаи хабарҳо
0