23:57 25 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Видео

Шиддати авзоъ дар марзҳои ғарбии Русия: чаро ИМА ба Лаҳистон сарбоз мефиристад? - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
305 0 0
Sputnik/RUPTLY

ИМА ҳузури низомии худро дар Лаҳистон васеътар мегардонад. Вашингтон боз ҳазор сарбозони худро ба ин кишвар интиқол медиҳад, илова ба 4,5 низомиёни амрикоӣ, ки аллакай он ҷо қарор доранд

Созишномаеро, ки ИМА ва Лаҳистон имзо карда буданд, Русия чун кӯшиши "таҳрифи воқеъият" қабул карданд.

"...васеъ кардани ҳузури низомии Амрико дар Лаҳистон мушкили амниятро ҳал намекунад, баръакс бе ин ҳам марзҳои ноороми урупоии Русияро муташанниҷ мегардонад, ки боиси авҷи хатари низоъҳои пешбининашуда мегардад", - гуфт намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова.

Фаъолияти амрикоиҳо танҳо бо интиқоли низомиён хотима нахоҳад кард ва дар Лаҳистон: 

  • маркази омодагии ҷангӣ
  • зерсохтори артиш ва авиатсияи нақлиёт
  • зерсохтори дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин
  • зерсохтори таъмини ақибгоҳ

пайдо хоҳад шуд.

Худи Варшава низ имзои созишнома бо Вашингтонро ба хотири нигоҳдории Русия, пинҳон намедорад.

"Ин кафолати маҳкам хоҳад буд, ки дар ҳолати таҳдид ба Лаҳистон ва ИМА сарбозони мо дар бари ҳам мубориза мебаранд", - гуфт президенти Лаҳистон Анжей Дуда.

Аммо созишномаи миёни ИМА ва Лаҳистон касеро дар ҳайрат нагузошт. 

Декларатсияи якҷоя оиди тавсеъаи ҳамкориҳои амниятиро, президентҳои Лаҳистон ва ИМА ҳанӯз соли 2019 имзо карда буданд.

Захарова бар ин аст, ки созишномаи кунунӣ танҳо гуфтушунидҳои соли гузаштаи Трамп ва Дударо ба расмият даровард. 

"Албатта ин созишнома барои касе ғайриинтизор набуд...Бояд гуфт, ки тамаркузи рӯирости зидди Русиягии ин ҳуҷҷат, натанҳо пинҳон карда намешавад, балки аз ҷониби намояндагони расмии Амрико ва Лаҳистон таъкид мегардад", - гуфт намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова.

Дар нақшаи Пентагон натанҳо тавсеъаи низомӣ дар Полша, балки дар кишварҳои Балтик низ ҳаст.

Теъдоди сарбозони НАТО дар марзи Русия чанд маротиба афзуд. 

Ҳамчунин амалиётҳои иғвогрона низ аз ҷониби ИМА бештар мешавад. Сухан дар бораи субот дар ин росто, дигаргуна менамояд.

Барчаспҳо:
марз, авзоъ, таҳдид, Русия, Лаҳистон, ИМА

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ