13:56 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Видео

Тиллои шоҳон: бозёфтҳои аҷиби бостоншиносони тоҷик - навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
38610
© Sputnik /

Sputnik Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, бозёфтҳои нави аҷиби бостоншиносони тоҷикро дид. Ин бозёфтҳо барои нигоҳдорӣ ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон интиёол ёфтаанд

Дар ҷануби Тоҷикистон бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигораҳои аҷиби давраи Ҳахоманишинҳо ва подшоҳи Кӯшонро ёфтанд.

Дар навор бозёфтҳое сабт шудаанд, ки аз Кӯлоб айдо шудаанду таърихи сеҳазорсола доранд. Байни онҳо бештар аз сад ашёи рӯзгор ҳастанд.

Ба гуфтаи мудири Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода, аз тариқи ҳафтиёте, ки 2020 анҷом дода, ба фонди осорхона сиккаҳои тиллогин ва нуқрагини давраи шоҳ Дорои 1 вазнашон аз 11 то 16 гарм пайдо шуданд.

 

Афзун бар ин, ба осорхона кӯзаҳои гилӣ, пораҳои табақҳои шишагӣ ва дигар ашёи рӯзгор ворид шуданд.

Баъди сафари бостоншиносони тоҷик ба Тепаи Шоҳи Хуросон ва қишлоқи Ҳалқаҷар дар вилояти Хатлон сиккаҳои нуқрагини камёфт пайдо шуданд, ки ба асрҳои шаши пеш аз мелод рост меоянд.

Дар як тарафи сиккаҳо акси сари гов ва шер ва дар дигар ҷонибашон ду чуқураки чоркунҷа доранд.

Ин нусха бори нахуст дар ҳудуди Тоҷикистон пайдо шудааст.

Ба гуфтаи мудири осорхона бори охир чунин ашёҳои қадимӣ дар охири асри 19 дар ҳудуди Амударё пайд гардида буданд, ки қисме аз онҳо дар Осорхонаи Британия нигоҳ дошта мешаванд.

"Тамоми сиккаҳои пайдошуда дар китоби нашркардаи мо "Ганҷинаи Кӯлоб дарҷ гардидаанд. Дар ин китоб бозёфтҳои қабрҳои бостонӣ ворид шудаанд. Китоби мазкур яке аз китобҳои нодири сиккашиносӣ аст", - гуфт ба Sputnik Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода.

Аз тахрибкории аҷнабиён то танга бо акси шоҳ: дастур барои таҳқиқи таърихи Пушинг

Тамоми бозёфтҳо бори дигар исбот карданд, ки ҳудуди муосири Тоҷикистон то ҳол дар худ асрори тамаддунҳои бостониро маҳфуз медорад ва олимон бояд дар оянда ҳам онро кашф кунанд.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ