22:08 29 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Видео

Тими ҷавонони Тоҷикистон ҳамтои ӯзбекистониро голборон кард-видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
393 0 0

Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар риштаи футбол бар ҳамтоёни ӯзбекашон дар шаҳри Хуҷанд пирӯз гардиданд

Тибқи гузориши видеоии нашркардаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони то 19-солаи тоҷик бар тими ҷавонони Ӯзбекистон бо ҳисоби 4:1 пирӯз гардиданд.

Голҳоро аз тими Тоҷикистон Абдулмумин Забиров, Салам Ашӯрмамадов, Рустам Соиро ва Суннатулло Исмоилов ба ҳадаф расонданд. Ин бозӣ дар майдони “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд таҳти доварии Сайёдҷон Зайниддинов баргузор шуд.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта тимҳои миллии футболбозони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд сабқат доштанд, ки бо пирӯзии дастаи мизбон анҷомид.

Дар даври аввали бозии дӯстона дар варзишгоҳи "Локомотив"-и шаҳри Тошканд, тими мизбон бо як гол пеш гузашт. Тоҷикистониён дар даври дуюм тавонистанд, ҳисобро баробар - 1:1 кунанд.

Баробарӣ дер напоид ва Мурод Холмуҳаммедов, бозигари тими Ӯзбекистон бо зарбаи ҷаримавии 11-метрӣ тӯбро вориди дарвозаи Тоҷикистон намуд. Бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи Ӯзбекистон анҷом ёфт.

Барчаспҳо:
гол, варзишгоҳ, Тоҷикистон-Ӯзбакистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ