17:51 22 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.27
  • RUB0.13
Видео

"Дӯст надорӣ": Муборизу Мадина аз муҳаббату ҷудоӣ сароиданд - навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
3165 0 0

Нахустин намоҳанги муштараки овозхонони ҷавону боистеъдоди тоҷик Мадина Ақназарова ва Мубориз Усмонов аз ҷониби ҳаводорони санъату мусиқӣ аъло пазируфта шуд

Аз нашри намоҳанги ҷадиди Мадина ва Мубориз ҳамагӣ 21 соат гузашт, аммо дар ин муддати кӯтоҳ он дар шабакаи You Tube аллакай аз ҷониби 54 ҳазор корбар, тамошо ва писандида шуд.

Муаллифи матни ин суруд шоири ҷавону тавонои тоҷик Орзу Исоев буда, мусиқӣ моли Шаҳбоз Носирҷонов аст.

Ин нахустин таронаи муштараки Мадина бо Мубориз аст, ки аз ҷониби ҳаводорони мусиқӣ хуб истиқбол гирифта шуд.

Намоҳанги мазкурро рӯзи 2 - юми октябр, соати 20:30 дақиқа канали Тамошоу нашр намуд. 

Ҳамчунин,худи овозхонон низ таронаи муштаракашонро дар сафҳаи Инстаграм гузошта, аз мухлисони худ даъват ба тамошо ва нигоштани назарашонро намуданд.

Дуэти Чоршанбе Аловатов ва Мадина Ақназарова: суруди "Парем" - ро бозхонӣ карданд - видео

Мубориз ва Мадина дар ин намоҳанг аз муҳаббату дӯстдорӣ ва ҳамзамон дурии дилдодагон қисса мекунанд. Сабти таронаи мазкур замонавӣ буда, аксар корбароне, ки зери ин намоҳанг назар коштанд, навиштаанд, ки "нахустин клипи олиҷанобест, ки солҳои ахир сабт ва пешкаши тамошобинон гардида шуд.

Корбарон овози форами Мадина Ақназароваро васф намуда мегӯяд, дар ҳамовозӣ бо Мубориз Усмонов  садояш боз форамтару волотар садо медиҳад.

Мадина Ақназарова овозхони ҷавону хушсалиқа мебошад, ки солҳои ахир ба зинда намудани таронаҳои овозхонҳои зиндаёди Тоҷикистон машғул аст.

Ҳамчунин дар муддати кӯтоҳ, чандин таронаҳоро бо овозхонҳои ҷавон аз қабили Чоршанбе Аловатов, Хуҷастаи Мирзовалӣ ва дигарон сабт намуд.

Мубориз Усмонов, ки ровии машҳур аст ва чандин барномаҳои телевизионӣ ва радиоиро пеш мебарад, солҳои ахир ба овозхонӣ пардохтаст.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ