07:21 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Видео

Интихоботи президенти Тоҷикистон – 2020 дар як дақиқа-видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
296 0 0
© Sputnik

Арқоми муҳими интихоботи президенти Тоҷикистон – 2020, ки 11-уми октябр дар назар аст, дар навори якдақиқаӣ ироа гардид

Интихоботи президенти Тоҷикистонро нозирон аз ИДМ, СҲШ, САҲА, Русия ва Ӯзбекистон назорат мекунанд, зимни интихобот 10 000 ризокор кумак менамоянд.

Ба иттилои КМИР, дар кишвар 4 900 545 интихобкунанда ва 68 ҳавзаи интихоботӣ мавҷуданд. Дар назар аст, ки Нуқтаҳои овоздиҳӣ дар 29 кишвар кушода мешаванд

КМИР гузориш дод, ки 5 номзад ба президентӣ сабт шудаанд. Рустам Раҳматзода, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, зери шиори

“Ислоҳоти босуръати иқтисоди миллӣ ба хотири зиндагии шоистаи мардум!” вориди корзори интихобот шуда, бештар дар барнома такя ба ислоҳоти иқтисодӣ мекунад.

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон,  бори сеюм пешбарӣ мегардад. Ин номзади 69-сола бо шиори “Ҳақиқат шикастнопазир аст!” ваъда додааст, ки дар Душанбе метро месозаду роҳҳои нав бунёд мекунад.

Мироҷ Абдуллоев, раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, бори аввал пешбарӣ мешавад. Ӯ бо нақшаи сохтмони ҷомеаи сотсиалистӣ таъкид мекунад, ки боигарии моддию маънавӣ танҳо бо меҳнати ҳалол бояд ба даст ояд.

Эмомалӣ Раҳмон, номзади Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, бори  5-ум номзад аст, ки шиори “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум”-ро гирифтааст.

Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, дар барномааш “Зиндагии арзанда ба ҳар шаҳрванди Тоҷикистон”-ро ваъда кардааст.

Барои баргузории интихобот бояд 50%-и раъйдиҳандагон иштирок кунанд ва номзаде президент мешавад, ки беш аз 50%-и овозҳоро соҳиб гардад.

Барчаспҳо:
интихобот, раисиҷумҳур, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ