07:09 27 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Видео

Дар Маскав бо ҳузури зиёди муҳоҷирони тоҷик интихоботи президентӣ баргузор шуд

Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)
112 0 0
© Sputnik

Субҳи имрӯз назди бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав садҳо муҳоҷирон тиҷик ҷамъ омада буданд, то дар интихоботи президентӣ иштирок намоянд

Бино бар иттилои нозирони байналмилалӣ интихобот дар сафорати Тоҷикистон ба таври шаффоф ва демократӣ сурат гирифт.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин сатторов таъкид дошт, ки дар интихобот шумори зиёди шаҳрвандон иштирок доранд ва аксарияти онҳо ҷавонон мебошанд.  

 “Мо интизор надоштем, ки инқадар раъйдиҳанда пушти сандуқҳои раъй меояд”, - афзуд Имомуддин Сатторов.

Сафир ҳамчунин таъкид дошт, ки кормандони сафорат ва ризокорон як қатор корҳоро барои огаҳ кардани шаҳрвандон анҷом доданд.

Боя гуфт, ки интихоботи мазкур бо риояи чораҳои беҳдоштӣ сурат гирифт. Дар ҳавзаи интихоботи бидуни ниқобу дастпӯшак ворид шудан ғайри имкон буд.  

Дар ҳавзаи интихоботи дар шаҳри Маскав фосилаи иҷтимоӣ риоя мешуд.

Дар ин рӯз дар бино ва атрофи сафоратхона беназмиҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки ба мансаби олии давлатӣ 5 номзад довталабӣ мекунанд. Сарвари давлат ба муҳлати 7 соли минбаъда интихоб мешавад.

Ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 122 нафар нозирони байнулмилалӣ аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА, ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, кишварҳои ҷудогона ва созмонҳои байнулмилалӣ ташриф оварданд.

Интихоботи пешини сарвари давлати Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 2013 баргузор шуда буд. Дар интихоботи қаблӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури феълӣ пирӯз шуда буд. Аз соли 1994 мансаби сарвари давлати Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон ишғол мекунад.

Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)
Барчаспҳо:
иштирок, муҳоҷирон, Маскав, Интихоботи президентӣ, интихобот

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ