14:04 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Видео

Шӯх: нашри суруд ва намоҳанги нави Мадина Ақназарова - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
126601
© Youtube / Madina Aknazarova

Овозхони ҷавону машҳури эстрадаи тоҷик Мадина Ақназарова намоҳанги ҷадиди худро таҳти унвони "Дил ба дил" пешкаши мухлисонаш кард

Мадина Ақаназарова рӯзи 20 октябр дар шабакаи Youtube клипи нави худро нашр кард.

Суҳбати Мадина: аз ишқ дар маршировка то муҳоҷирату пулёбӣ ва ҷарроҳии пластикии ситораҳо

Намоҳанги ҷадиди сароянда аз ҷониби ширкати продюсерии "Тримедведя" таҳия шудааст.

Матни суруди нави Мадина ба қалами шоир ва рӯзноманигор Орзу Исоев тааллуқ дошта, намоҳангро Эраҷ Ҳамидов танзим кардааст.

Оҳанги суруди "Дил ба дил" - ро овозхони ҷавони тоҷики муқимии Русия Сино Зоолшоев эҷод кардааст.

Дар давоми ду рӯзи нашр намоҳанги нави Мадинаро беш аз 37 ҳазор кас боздид карда ва зиёда аз 2 ҳазор нафар писандидааст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Мадина Ақназарова бо рӯзноманигор ва овозхони ҷавон Мубориз Усмонов суруди дуэт иҷро кард.

Муаллифи матни ин суруд шоир Орзу Исоев буда, мусиқӣ моли Шаҳбоз Носирҷонов аст.

То имрӯз ин намоҳангро дар шабакаи You Tube беш аз 600 ҳазор корбар, тамошо кардааст.

Мадина Ақназарова тоҷикони Маскавро ба "по" хезонд - видеои консерт

Мадина Ақназарова 15 феврали соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Пас аз чанде хонаводаи Мадина ба пойтахти шимолии Русия шаҳри Санкт-Петербург мекӯчад.

Мадина то синфи 9-ум дар мактаби рақами 596 ин шаҳр таҳсил кардааст. Пас аз хатми синфи 9 хонаводаи Мадина ба шаҳри Душанбе бозгашт.

Мадина ҳуҷҷатҳояшро ба мактаби мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов бо маслиҳати бобояш ба шуъбаи академӣ (опера) супорид ва онро бо хубӣ хатм кард. Пасон Мадина таҳсилашро дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода идома дод.

Феълан Мадина Ақназарова донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи ҳунарҳои зебо мебошад.

То имрӯз Мадина Ақназарова консертҳояшро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Маскав ва Санкт-Пебербург баргузор кардааст.

Барчаспҳо:
намоҳанг, нашр, Мадина Ақназарова, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ