17:26 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.56
  • RUB0.15
Видео

Навори нодири партоби мушаки зиддимушакӣ дар Қазоқистон

Гирифтани линки кӯтоҳ
124 0 0
Минобороны России

Вазорати дифои Русия видеои нодири озмоиши як системаи нави дифоъи зиддимушакӣ дар Қазоқистонро нашр кард

Дар оғози навор ҳаракати корвони мошинҳои низомӣ намоиш дода мешавад.

Пас аз он ҳолати гузоштани мушак сурат мегирад.

Худи оғози партоби системаи нави дифоъи зиддимушакии Русия аз нуқтаҳои гуногун сабт шудааст.

Дар навор дида мешавад, ки чигуна мушак якбора баланд мешавад ва пас аз он бо траекторияи қариб уфуқӣ ҳаракат мекунад.

"Пас аз як қатор озмоишҳо, системаи нави зиддимушакии системаи ПВО боэътимод хусусиятҳои ба худ хосро тасдиқ кард ва ҳайати ҷангӣ ҳадафи шартиро бо дақиқии мушаххас зада, вазифаро бомуваффақият иҷро кард",- гуфт генерал-майор Сергей Грабчук, фармондеҳи нерӯҳои дифоъи зидди мушаки ҳавоӣ.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки системаи зиддимушакӣ озмоиш мешавад.

Қаблан, чунин чорабиниҳо тобистони соли 2019 гузаронида шуда буданд.

Барчаспҳо:
озмоиши мушак, мушак, Қазоқистон, Русия

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ