03:50 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Видео

Анҷоми давраи Трамп: шаҳрвандони Амрико чӣ гуна пирӯзии Байденро ҷашн мегиранд - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
250 0 0
Ruptly

Номзад аз Ҳизби демократҳо аз пирӯзии худ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ хабар дод. Бар хабари расонаҳо Байден 290 орои мардумро ба даст овард

Натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Амрикоро бузургтарин нашрияҳои ин кишвар нашр намуданд. Бар хабари ВАО, Байден дар ин сабқат пирӯзӣ ба даст овард.

Зимнан, кишвардори феълӣ Доналд Трамп пирӯзии ҳарифи худ Ҷо Байденро қабул намедорад.

Трамп ваъда додааст, ки "то мардуми Амрико натоиҷи шафофи интихоботро ба даст наоранд, ором намешавад". Ӯ ният дорад, аз болои натоиҷи интихоботи президентӣ то ба додгоҳ шикоят мекунад.

Ҷо Байден Доналд Трампро шикаст дод: президенти нави Амрико кист?

Аммо пофишори Трамп зоҳиран бенатиҷа анҷом меёбад, зеро Ҷо Байден аллакай паёми шодбоширо аз ҷониби раиҷумҳурони аксар дунё қабул карда истодааст.

Ҳамчунин ҷонибдорони Байден низ аз натоиҷи интихобот ризо буда, барои муборакбодии ҳамдигар ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд.

Байден президенти 46 - уми Иёлоти Муттаҳида хоҳад шуд. Вай дар охири моҳи ноябр 78 - сола мешавад ва кӯҳансолтарин раҳбари Амрико хоҳад буд.

Барчаспҳо:
навор, Амрико, Интихоботи президентӣ, Доналд Трамп

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ