Дар Доғистон расми Ҳабиб ва падарашро дар девори биное тасвир карданд - навор

Обуна шудан
Дар шаҳри Дербенти Доғистон рӯи девори яке аз биноҳои истиқоматӣ, расми 10 метраи Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва падари марҳумаш Абдулманап Нурмуҳаммадов кашида шуд

Ёдовар мешавем, ки Абдулманап Нурмуҳаммадов падари Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов моҳи ибли соли ҷорӣ аз маризии сироятии коронавирус ба ҳалокат расид.

Тиаго Сантос и Гловер Тейшейра, бой - Sputnik Тоҷикистон
Дар пайравии Ҳабиб: Тейшер рақибашро бо усули буғӣ кардан шикаст дод - видео

Чанде пеш дар Русия пешниҳоде ба миён омад, ки ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов унвони Қаҳрамони Федератсияи Русия дода шавад, аммо на ҳама аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ карданд.

Нимаи моҳи октябр Нурмуҳаммадов 29-умин ғалабаи касбиро ба даст овард ва бори сеюм камарбанди қаҳрамонии UFC -ро ҳимоя кард. Пас аз мубориза, ӯ ба истеъфо баромаданашро эълон кард.

Дар ҳамин ҳол, Нурмуҳаммадов қайд кард, ки ӯ метавонад ба зудӣ ба ҳайси мураббӣ барои насли ҷавон баргардад.

Лентаи хабарҳо
0