21:02 03 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Видео

Бабри оварда аз Тоҷикистон ба Русия бо наслаш ба навор афтод-видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
420 0 0
© Youtube / Саяно-Шушенский заповедник

Бабри барфие, ки аз Тоҷикистон ба Русия оварда шуда буд, бори аввал бо насли гузоштааш дар мамнӯъгоҳи Саяно-Шушенск ба навор афтод

Бабри оварда аз Тоҷикистон ба Русия бори аввал бо наслаш дар мамнӯъгоҳи давлатии Саяно-Шушенск ба навор гирифта шуд.

Қаблан насли гузоштаи бабрро бо дастгоҳи пинҳонкарда аксбардорӣ карда буданд, аммо онҳо зимни бозӣ он таҷҳизотро шикастанд.

Акнун масъулини мамнӯъгоҳ боз навори насли бабри барфиро нашр кардаанд, ки дар он боз дастгоҳҳои наворбардорӣ мавриди таваҷҷуҳи ҳайвонҳо қарор гирифтаанд.

Хулосаи зоологҳо аз навору аксҳои бардоштаи бабрҳо мусбат аст. Ба гуфтаи онҳо маълум аст, ки ин ҳайвони нодири оварда аз Тоҷикистон бо шароити Русия пурра мутобиқ шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки ду бабри барфӣ аз Тоҷикистон солҳои 2018-2019 ба Русия оварда шуда, барои ҳифзи ин навъи нодири ҳайвонот дар олами вуҳуш онҳоро дар мамнӯъгоҳи Саяно-Шушенск раҳо карданд.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ