Чӣ гуна рассоми бе даст аз Ӯзбекистон асар меофарад - видео

Обуна шудан
Дар Ӯзбекистон рассоми ғайриоддие ба сар мебарад, ки бидуни даст расм мекашад ва ин ҳунарро ба дигарон меомӯзонад

Шӯҳрат Уринбоев аз рассомони ғайриоддиест, ки бидуни даст тавонист ҳунари рассомиро, ки даст дар офаридани асар нақши муҳимро мебозад, пеша кунад.

В честь Хабиба и его отца нарисовали граффити на стене дома - Sputnik Тоҷикистон
Дар Доғистон расми Ҳабиб ва падарашро дар девори биное тасвир карданд - навор

Ӯ мегӯяд, расмкашӣ як роҳест, ки ӯ тавассути он эҳсосоти худро бозгӯ мекунад ва мушкилии зиндагиро паси сар менамояд.

Дар интернет ҳунари рассом бе таваҷҷӯҳ намонд. Ӯ ҳаводорони зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо кард ва ҳатто дар мактаби маҳаллӣ шогирдонро тарбия мекунад.

Дар навор рассом устохонаи худро, ки дар боми манзилаш сохтааст, нишон медиҳад.

"Вақте аз хурдӣ ягон дӯст надорӣ, танҳо рассомӣ мемонад", - нақл кард рассом.

Шӯҳрат дар мавзӯъҳои гуногун расм мекашад ва инро роҳи зиндагии худ медонад.

Ӯ аз мардум даъват мекунад, ки ҳеҷ гоҳ ноумед нашаванд ва ҳамеша ба сӯи ҳадафи худ қадам монанд.

Лентаи хабарҳо
0