01:58 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Видео

Лутфан, росташро гӯед: рӯзноманигорон ба Пашинян чанд суоли "хиҷолаткунанда" доданд

Гирифтани линки кӯтоҳ
338 0 0
НТВ

Рӯзноманигорони рус Маргарита Симонян ва Роман Бабян аз сарвазири Арманистон дар бораи таниш дар Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ чанд суоли хиҷолатомез пурсиданд

Дар рафти барномаи телевизионӣ дар НТВ сармуҳаррири радиои "Говорит Москва" Роман Бабаян аз сарвазири Арманистон Никол Пашинян хоҳиш кард, ки ба чор суол посух гӯяд.

Рӯзноманигор қайд кард, ки ӯ дар бораи ин қазия маълумоти зиёд дорад, барои ҳамин посухи дурӯғро дарҳол ҳис мекунад. Ӯ хоҳиш кардааст, ки Пашинян росташро гӯяд.

"Савол чунин аст: рост аст, ки Русия қариб аз рӯзҳои аввали ин ҷанг ба шумо шаклҳои гуногуни ба эътидол овардани вазъ ва хело роҳҳои беҳтарашро, на онҳое ки ҳоло ҳастанд, балки хело беҳтарашро пешниҳод карда буд? Ва шумо ҳар дафъа бодиққат гӯш мекардеду сипас қабул намекардед?", - пурсид, вай.

Бабаян ҳамчунин пурсидааст, ки оё дар ҳақиқат ҳангоми муқовимат дар ҳаҷми хело бузург кӯмак пешниҳод шуда буд, аммо ӯ дарҳол рад кард.

Рӯзноманигор боз пурсидааст, ки оё маълумот дар бораи нишастани даҳҳо ҳавопаймои ҳарбии Русия дар аэродромҳои Арманистон рост аст.

"Рост аст, ки шумо ҳамон системаи силоҳҳоро, ки дархост карда будед, дастрас намудед? Шумо шахсан пурсида будед ва гирифтед?", - пурсидааст дар анҷом вай.

Ба қавли рӯзноманигор пас аз посухҳои Пашинян маълум мешавад, ки оё метавонад ҳодисаҳои имрӯзро ба дӯш гирад ва кишварро роҳбарӣ кунад.

"Ба ин саволҳо фақат росташро гӯед. Агар не, ман чунон саволе дорам, ки дигар шумо дурӯғ гуфта наметавонед", - таъкид кардааст Бабян.

Пас аз ин сармуҳаррири агентии иттилооти "Россия сегодня" ва RT Маргарита Симонян муроҷиат кардааст. 

Вай пурсидааст, оё рост аст, ки сустии қабули қарори Қарабоғи Кӯҳӣ ва амалиёти ҷангӣ бо гуфтушунидҳои Пашинян бо ҳамтоёни амрикоиаш робита дошт.

"Рост аст, ки ин гуфтушунидҳо ва гуфтушунидкунандаҳои шумову сустии шумо ва номуайянии шумо ва кӯшиши нишастан дар ду курсӣ  ба оне расид, ки расидем?", - пурсидааст Симонян.

Пашинян аз ҷанг дар Қаробоғ ва натиҷаҳои он - видео

Ёдрас мешавем, шаби 10 ноябр Русия, Арманистон ва Озарбойҷон изҳороти муштарак имзо карданд, ки дар Қарабоғи Кӯҳӣ ҳама гуна амалиёти ҷангӣ ба анҷом мерасад. Мувофиқи он, як қатор ҳудудҳо ба Озарбойҷон мегузаранд ва Ереван чанд тои дигарашонро холӣ мекунад.

 

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ