15:57 30 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Видео

Нигина Амонқулова дар озмуни "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" иштирок кард - овози зинда

Гирифтани линки кӯтоҳ
499 0 0

Ҳунарманди номӣ бо иҷрои як тарона бо овози зинда дар озмуни "Тоҷикистон- Ватани азизи ман" ширкат кардааст

Овозхон дар ин озмун таронаи "Туро ёд мекунам"-ро иҷро намудааст. 

Дар наворе, ки пойгоҳи "Taj Smart" дар Ютуб нашр кардааст, дида мешавад, дар саҳна як гурӯҳ навозандагон мусиқӣ менавозанд ва Нигина Амонқулова таронаашро бо овози зинда иҷро мекунад.

Дар толор танҳо шоир ва адабиётшинос Рустами Ваҳҳоб ҳузур дорад, ки зоҳиран ин ҳунарнамоиро доварӣ мекунад.

Ин наворро, ки ду рӯз пештар нашр шудааст, бештар аз 7 ҳазор бор тамошо кардаанд ва 156 кас писандидаанд.

Ёдрас мешавем, баргузории озмуни "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" ҳанӯз моҳҳои аввали соли 2019 аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шуда буд.

Ҳадафи озмун дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат ва беҳтарин намунаҳои ашъор, оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллию мероси ниёгон мебошад.

"Гуфтиву накардӣ" : нашри суруди ҷадиди Нигина Амонқулова - видео

Ба барандаи Шоҳҷоизаи озмун 50 000 сомонӣ, ҷойҳои якум - 30 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм - 20 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм -15 000 сомонӣ мукофоти пулӣ пешбинӣ шудааст.

Ғолибони озмун инчунин ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо мекунанд.

Барчаспҳо:
Нигина Амонқулова, Ватан, озмун, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ