14:18 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Видео

Ин филм нест, балки фоҷиа аст: мусоҳибаи Путин дар бораи ҷанги Қарабоғ - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
335 0 0

Раисҷумҳури Русия Владимир путин дар мусоҳиба бо шабакаи "Россия 24" шарҳ дод, чӣ омиле боис шуд, ки ҷанг дар Қарабоғи Қӯҳӣ даҳшатовар шуд

Владимир Путин иқрор шуд, ки новобаста худаш бо роҳбарони Арманистону Озарбойҷон гуфтушунид баргузор кард. Кишвардори Русия дар мусоҳиба бо "Россия 24" дар мавриди ҷараёни ба созиш омадани ин ду манотиқ бо дахолати Русия ибрози назар намуд.

"Муҳимтарин коре, ки анҷом ёфт, ин қатъи хунрезӣ аст", - афзуд кишвардори Русия.

Ӯ қайд намуд, ки танҳо ба маълумоти расмӣ беш аз чаҳор ҳазор нафар қурбон шуда, даҳҳо ҳазори дигар ҷароҳату маъюб гардиданд.

"Ин филм нест, балки фоҷиа аст, ки дар зиндагии шахсони воқеӣ ва хонаводаи онҳо рух дод. Аз ин рӯ, муҳимтар натиҷа ин қатъ шудани хунрезӣ аст", - илова намуд Путин.

Ёдовар мешавем, ки Русия ба Қарабоғи Кӯҳӣ ҳудуди 2 ҳазор посдорони сулҳ ирсол намуд.

Нерӯҳои сулҳ, ки Русия ирсол намуд, асосан иҷрои оташбасро назорат мекунанд. Ҳамчунин онҳо бар ин мекӯшанд, ки объектҳои муҳими стратегӣ ва мулкӣ ҳифз карда шаванд.

Илова бар ин, тамоми гурезагонро ба манзилҳои онҳо бармегардонанд.

Барчаспҳо:
навор, мусоҳиба, Қарабоғи Кӯҳӣ, Владимир Путин

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ