“Дасти Худо” ва беҳтарин голи асри 20: ёде аз Марадона - навор

Обуна шудан
Номвартарин ситораи ҷаҳонии футбол, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 1986, Диего Марадонаи 61- сола аз олам гузашт

Марадона бо тими миллии Аргентина дар соли 1986 қаҳрамони ҷаҳон шуда буд. Намоиши Марадона дар он ҷоми ҷаҳонӣ яке аз хотирмонтарин лаҳзаҳои таърихи футболро рақам зад, ба хусус ду голе, ки ба тими миллии Англия ворид карда буд.

Ситораи футболи ҷаҳон дар соли 2017 дар кохи Кремлин - Sputnik Тоҷикистон
Марадона дунёро падруд гуфт: ӯ чигуна дар хотироти мо боқӣ хоҳад монд - акс

Марадона дар он мусобиқа як голро бо даст вориди дарвозаи ҳариф кард, ки бо “Дасти Худо” маъруф шуд. Голи дуввуми Марадона, ки пас аз иҳота кардани бисёре аз бозингарони Англия ба дарвоза расид, ба эътиқоди бисёре аз алоқамандони футбол зеботарин голи ҷоми ҷаҳонӣ аст. Ин гол беҳтарин голи асри 20 дониста шуд.

Марадона дар тимҳои мухталифе монанди “Барселона” ва “Наполи” бозӣ кардааст.

Муввафақтарин даврони варзишии ӯ дар бошгоҳи “Наполи” буд, ки ҳамроҳ бо ин тим қаҳрамони Итолиё ва Аврупо шуд. 

Диего Марадона пас аз анҷоми даврони бозӣ ба мураббигӣ рӯ овард, аммо натавонист дар ин роҳ муваффақ шавад. Охирин ҳузури Марадона ба унвони мураббӣ рӯи тими “Химнасия ва Эксгрима” аз Ла-Платаи Аргентина буд.

Марадона дунёро падруд гуфт: ӯ чигуна дар хотироти мо боқӣ хоҳад монд - акс

Ҳамчунин ӯ соли 2008 ба муддати ду сол сармураббии тими милли Аргетина низ буд ва ин тимро ба як чаҳоруми ниҳоии ҷоми ҷаҳон дар соли 2010 дар Африқои ҷанубӣ расонд.

Лентаи хабарҳо
0