20:08 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Видео

Мушакпартоии низомиёни Амрико ва Маҷористон наздикии марзи Қрим - навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
206 0 0
Ruptly / Sputnik / Spc. Jabaria Clyburn/41st Field Artillery Brigade/ US Army / forbes.com / RT

Партоби озмоишии мушакҳо дар доираи тамринҳои муштараки Rapid Falcon (Уқоби босуръат) дар соҳили Баҳри Сиёҳ сурат гирифт

Низомиён аз ду системаи мушакпартои дурбурди M142 HIMARS истифода намуданд.

Ин системаҳо махсусан аз Олмон барои чанд соат ба пойгоҳҳои машқии Маҷористон интиқол дода шуданд.

Расонаҳои хориҷӣ ин иқдомро "Туҳфаи мушакӣ" барои низомиёни рус номиданд, аммо Маскав ба ин иддао розӣ нест.

Коршиносон бар онанд, ки дар бораи ҳеҷ ногаҳонӣ ва туҳфае сухан намеравад: интиқоли ҳар таҷҳизоти низомӣ ҳамеша зери назорат аст. Ҳамчунин дар минтақаи Баҳри Сиёҳ Русия аз маркази ҷосусии радиоэлектроникӣ бархурдор аст.

Партоби мушакҳои гузашта – ғайр аз иғвогарии низомиёни Амрико, дигар чизе нест. Ин иқдом умуман ба Русия таҳдид намекунад, балки баръакс ба худи Амрико ва шарикони ӯ хатари ҷиддӣ эъҷод менамояд.

Барчаспҳо:
Маҷористон, ИМА, марз, мушак, Қрим

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ