04:21 26 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.73
  • RUB0.15
Видео

Владимир Путин аз нақши махсуси Тоҷикистон зикр кард - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
849 0 0
Pool

Русия ҳамроҳ бо Тоҷикистон ҷилавгирӣ аз вуруди террористон ва маводи мухаддир аз кишварҳои ҳамсояро идома хоҳад дод

Владимир Путин, расиҷумҳури Русия, зимни ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД аз нақши махсуси Тоҷикистон зикр кард.

“Мехоҳам нақши махсуси Тоҷикистонро дар ҷилавгирӣ аз таҳдидҳое, ки аз кишварҳои ҳамсоя меоянд, зикр намоям, албатта, ман воридшавии маводи мухаддир ва террористонро дар назар дорам. Дар ин самт Тоҷикистон корҳои азими мусбат анҷом дода истодааст, ин корро дар якҷоягӣ бо шумо идома медиҳем, аз ҷумла, бо истифода аз имконияти худ бо сохтори низомии Русия, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст”, — изҳор дошт Путин.

Раисҷумҳури Русия афзуд, ки Тоҷикистон дар самти ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм кори азими мусбатро анҷом медиҳад.

Владимир Путин қайд кард, ки Русия минбаъд низ Тоҷикистонро дар масъалаҳои амният дастгирӣ хоҳад кард, аз ҷумла, бо истифода аз имконоти сохтори низомии Русия кумак хоҳад кард.

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Русия Владимир Путин дар шакли видеоконфронс ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории иттифоқӣ дар доираи созмон, афзоиши минбаъдаи самаранокии СААД, мушкилоти мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Дар ҷаласа Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва иҷрокунандаи вазифаи Президенти Қирғизистон Талант Мамитов ширкат варзиданд.

Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин, нақша, террористон, ҳамсоя, ҷилавгирӣ, Русия, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ