Чаро ваксинаи сохти русӣ алайҳи COVID - 19 гарон нест? - навор

Обуна шудан
Русия дар иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба мубориза бо пандемия ваксинаи коронавируси "Спутник V" -ро муаррифӣ кард. Иштирокчиён дар бораи озмоишҳо, самаранокӣ, хусусиятҳо ва арзиши дору нақл карданд

Ваксинаро вазири тандурустӣ Михаил Мурашко муаррифӣ кард. Вай гуфт, ки ин дору дар феҳрасти СҶБ яке аз беҳтарин ваксинаҳост, ки дар арафаи анҷомёбии озмоишҳои клиникӣ қарор дорад. 

Аз рӯи нарх "Спутник V"  яке аз ваксинаҳои дастрастарин хоҳад буд. Кирилл Дмитриев, мудири кулли Фонди сармоягузории мустақими Русия изҳор дошт, ки як вояи ваксинаи мазкур камтар аз 10 доллар арзиш хоҳад дошт.

" Мо бар он кӯшидем, ки нархи ваксин барои тамоми ҷаҳон дастрас бошад. Арзиши дору низ барои ҳамаи давлатҳо якхела хоҳад буд", - изҳор дошт Дмитриев.

Чанде қабл, ваксинаи сохти русиро дар нишасти ахири СПАД низ баррасӣ намуданд. Владимир Путин гуфт, ки масоили таъмини дору ба кишварҳои ширкаткунандаи тавофуқ ва тавлиди муштараки ваксина таҳия шуда истодаанд.

Российская вакцина от коронавируса Спутник V доставлена в Венгрию для клинических исследований - Sputnik Тоҷикистон
Маҷористон ваксинаи Русия алайҳи коронавирусро дастрас кард - акс

Зимнан, пас аз он ки 95 дарсади сареҳияти дору собит гардид, бисёре аз кишварҳои ҷаҳон хоҳишманди дастрас кардани ваксинаи сохти русӣ шуданд.

Қаблан Чин, Бразилия, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ ва Аргентина эълом доштанд, ки истеҳсоли "Спутник V" -ро ба роҳ мемонанд.

Навбат барои дарёфти ваксинаи Русия: Урупо бойкот мекунад - видео

Ба ин рӯйхат шояд Исроил ва Сербия низ шомил гарданд.

Дар ҳамин ҳол, дар миқёси Иттиҳоди Аврупо танҳо Маҷористон хоҳишманди дастрас кардани ваксина мебошад. Сарфи назар аз он, ки олимони Бритониё ва СҶБ эътимоднокии ваксинаи Русияро эътироф кардаанд, дар Ғарб чандон ба он эътимод надоранд.

Лентаи хабарҳо
0