20:23 16 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Видео

Навори безараргардонии роҳи Шуша - Лисогорск

Гирифтани линки кӯтоҳ
74 0 0
Минобороны России

Вазорати мудофиаи Русия навори кори иктишофӣ ва безараргардонии атрофи роҳи Шуша – Лисогорск дар Қарабоғи куҳиро нашр кард

Сулҳбонҳои Русия таъмини тартибот дар қаламрави Қарабоғи куҳиро идома дода истодаанд. Дар ин минтақа тайи 1,5 моҳ ҷанг миёни Озорбойҷону Арманистон давом дошт.

Тибқи иттилои Вазорати дифои Русия, дар пайи корҳои муҳандисӣ беш аз 2,5 километр роҳ миёни Шашаю Лисогорск ва қариб 5 ҳектар замини атрофи он безарар гардонида шуд.

Инчунин сулҳбонҳо 35 лавозимоти ҷангиро, ки хатари таркишашон вуҷуд дошт, ошкор ва безарар гардонидаанд.

Вазорати дифои Русия мегӯянд, дар маҷмӯъ воҳидҳои муҳандисӣ дар Қарабоғи куҳӣ ҳудуди 50 гектар ва 17 километр роҳро тоза карда, беш аз 1 ҳазор маводи таркандаро безарар намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки шаби 10 ноябр Русия, Арманистон, Озорбойҷон созишномаи сеҷониба дар бораи эълони оташбас дар Қарабоғи куҳиро имзо намуданд. Бар асоси ин тавофуқнома, Боку ва Ереван комилан амалиёти ҷангиро хотима дода, дар нуқтаҳои қароргирифтаашон хоҳанд монд. Арманистон муваззаф шуда буд, ки қисмате аз навоҳии Озарбойҷонро баргардонад.

Барчаспҳо:
маводи безараркунӣ, мина, Русия, Қарабоғи Кӯҳӣ

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ