Нахустин суханронии Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё – видео

Обуна шудан
Пеш аз он ки Ӯзбекистон ҳамчун нозир ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё қабул шавад раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои нахустин бор дар ҷаласаи ин иттиҳодия суханронӣ кард

Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои нахустин бор дар ҷаласаи роҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё суханронӣ кард. Зимни мулоқоти, ки ба таври видеои сурат гирифт Ӯзбекистон расман ҳамчун нозир дар ин Иттиҳодия эълон шуд.

График роста, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки рушди АвруОсиё: ММД-и Тоҷикистон баъд аз пандемия дар соли 2022 барқарор мешавад

Зимни суханронии худ Шавкат Мирзиёев таъкид дошт, ки кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё – кишварҳои асосӣ ва табии дар бахши иқтисоду савдои Ӯзбекистон мебошанд.

Зимни ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод метавон ҳамкориҳоро дар бахши саноат тақвият дод. Вай инчунин изҳори умедворӣ кард, ки дар ин иттиҳодия  метавон сифат ва самаранокии захоири кориро боло бурду ба имкониятҳои логистикиву нақлиётӣ тақвият бахшид.

Раисҷумҳури Белорус Александр Лукошенко бо ҳуқуқи роҳбари Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба давлати Ӯзбекистон муваффақият хост.

Лукошенко таъкид кард, ки Мирзиёев – намунаи роҳбарест, ки барои кишвари худ, бо роҳи ислоҳот барои беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ мубориза мебарад.

Лентаи хабарҳо
0