13:49 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Видео

Трамп меравад, таҳримот мемонанд: Русия чӣ вокуниш нишон медиҳад - навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
140 0 0
Ruptly / commerce.gov / facebook.com/RusEmbUSA

Ба рӯйхати таҳримҳо Вазорати мудофиаи Русия, Хадамоти иктишофи хориҷӣ ва як қатор бузургтарин корхонаҳои соҳаҳои авиатсия, кайҳонсозӣ ва киштисозӣ шомиланд

Вазорати тиҷорати Амрико зидди Русия таҳримоти нав ҷорӣ кард. Бештар аз 40 ширкати бо қувваҳои мусаллаҳ робтдоштаи Русия зери он қарор гирифтанд.

Нисбати онҳо маҳдудиятҳои содиротӣ татбиқ карда мешаванд, аз ҷумла, ширкатҳо наметавонанд баъзе молҳо ва технологияҳои амрикоиро харидорӣ кунанд.

Амрико бар зидди Туркия барои хариди С-400 аз Русия таҳримҳо ҷорӣ кард

Ба рӯйхати таҳримҳо Вазорати мудофиаи Русия, Хадамоти иктишофи хориҷӣ ва як қатор бузургтарин корхонаҳои соҳаҳои авиатсия, кайҳонсозӣ ва киштисозӣ шомиланд.

Дар байни онҳо ширкатҳои "Сухой" ва "Туполев", корпоратсияҳои "МиГ", "Ростек", "Росатом", инчунин корхонаҳои Роскосмос ҳастанд. Аз ҷумла, “РКЦ “Прогресс”, ки мушакҳои “Союз”-ро истеҳсол мекунад, зери маҳдудият қарор гирифт.

Мария Захарова сиёсати таҳримбандии Амрикоро шарҳ дод: ин як беморист

Русия ба қарори ИМА чӣ гуна вокуниш кард – аз видеои мо тамошо кунед.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ