17:54 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Видео

Британияи Кабир ва Иттиҳоди Аврупо дар ҳошияи Brexit созишномаи тиҷоратӣ имзо карданд

Гирифтани линки кӯтоҳ
61 0 0

Ниҳоят раванди "талоқ" байни Лондон ва Брюссел ба анҷом расид: ҷонибҳо тавонистанд дар масъалаи Brexit ба мувофиқа расанд

Британияи Кабир ва Иттиҳоди Аврупо пас аз муддати тӯлонӣ оид ба Brexit шартномаи тиҷорӣ бастанд.

Созишнома муносибатҳои тарафҳоро дар соҳаи тиҷорат, нақлиёт, энергетика ва дигар самтҳо муайян мекунад.

Аврупо "вазорати дурӯғ" алайҳи Русия месозад

Ҳуҷҷат, ки аз дуҳазор саҳифа иборат аст, аз 1 январ эътибор пайдо мекунад.

Аммо пеш аз ҳама, он бояд аз ҷониби парламентҳои Бритониёи Кабир ва ИА тасдиқ карда шавад.

Вашингтон тасмим гирифтаст Аврупоро ҷазо диҳад

Соли 2016 Бритониё дар бораи хуруҷи ин кишвар аз Иттиҳоди Аврупо раъйпурсӣ баргузор кард. Аксари бритониёиҳо ба тарафдории ба ном Brexit овоз доданд. Дар тӯли якчанд сол ҷонибҳо кӯшиш карданд, ки дар бораи шартҳои "талоқ" ба тавофуқ оянд.

 

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ