15:09 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Видео

Лаҳзаҳои асосии сабқати наврасони футболбози Тоҷикистону Эрон-видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
158 0 0
Tajikistan Football Federation

Федратсияи футболи Тоҷикистон – U-16 навори лаҳзаҳои ҷолиби сабқати дӯстонаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистону Эронро нашр кардааст

Тибқи иттилои ФФТ, ин дуюмин сабқати дӯстона буд, ки бо пирӯзии тими меҳмону мағлубияти мизбон анҷом ёфт.

Қувваозмоии наврасони футболбози Тоҷикистону Эрон бо ҳисоби 0:1 анҷом ёфт. Голи ягонаи бозиро Амир Иброҳимзода дар дақиқаи 29-уми сабқат ба ҳадаф расонд.

Бозии аввали дӯстонаи ин ду тим бо ҳисоби 1:4 ба фоидаи наврасони эронӣ анҷом ёфта буд.

Ин бохт дар ҳолест, ки футболбозони то 19-солаи тоҷик дар бозии аввали дӯстона ба ҳамсолони эронии худ бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд.

Голҳоро Алӣ Субҳонӣ,  Абдулмумин Забиров ва Шаҳром Самиев ба ҳадаф расонидаанд. Бозии дуюми футболбозони то 19-солаи Тоҷикистону Эрон имрӯз дар майдони марказии  Душанбе баргузор мешавад.  

Барчаспҳо:
бохт, бурд, футбол, Эрон, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ