13:09 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Видео

Бозгашти наздики 50 ҳазор гурезагон ба Қарабоғи Кӯҳӣ - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
83 0 0

Бозгашти бехатари шаҳрвандон ба ҷойҳои истиқоматии доимӣ аз ҷониби нерӯҳои посдори сулҳи Русия пурра назорат карда мешавад

Танҳо дар як рӯз 130 гуреза бо автобусҳо аз Ереван ба Степанакерт баргаштанд. Дар тӯли тамоми сафар корвонро посдорони сулҳи Русия ҳамроҳӣ мекарданд.

Дар маҷмӯъ, беш аз 47100 гуреза ба Қарабоғи Кӯҳӣ ба ҷойҳои истиқомати доимии худ баргаштанд, хабар медиҳад Вазорати дифои Русия.

Кормандони низомии Русия на танҳо бозгашти бехатари шаҳрвандонро ба ҷои истиқомати доимии худ таъмин мекунанд, балки кумаки башардӯстона мерасонанд, ҳамзамон инфрасохтори шаҳрро барқарор мекунанд.

Нерӯҳои сулҳбон инчунин шабонарӯз вазъ ва риояи оташбасро дар 23 постгоҳ назорат мекунанд.

Хотиррасон мекунем, ки сарони Русия, Арманистон ва Озарбойҷон изҳороти муштаракро дар бораи оташбас дар Қарабоғ аз 10 ноябр қабул карданд.

Артиши Русия дар Степанакерт бемористон таъсис дод

Барои назорати созишнома дар минтақаи низоии Қарабоғи Кӯҳӣ, нерӯҳои посдори сулҳи Федератсияи Русия наздики 2 ҳазор корманди низомӣ, 90 мошини зиреҳпӯш ва 380 худрави низомӣ сафарбар карда шуданд, ки ба муддати 5 сол дар ин минтақа хоҳанд монд.

Барчаспҳо:
Қарабоғи Кӯҳӣ, Арманистон, Озарбойҷон, Русия

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ