02:27 20 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Видео

Рӯзҳои истироҳатӣ ҳам: идомаи эмкунии сартосарӣ аз коронавирус дар Русия - навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
135 0 0
Sputnik

Эмгузаронӣ аз коронавирус, ки 15 декабр дар Русия оғоз шуд, дар рӯзҳои истироҳатӣ низ идома хоҳад кард

Дар Русия эмгузаронии оммавӣ ҳамоно идома дорад. Вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко аснои сафари корӣ ба вилояти Твер изҳор дошт, ки дар рузҳои истироҳатӣ низ эмгузаронӣ қатъ намешавад ва хоҳишмандон метавонанд алайҳи маризии коронавирус эм гиранд.

"Эмгузаронӣ идома дорад ва дар рӯзҳои истироҳатӣ низ қатъ нахоҳад шуд", - афзуд Мурашко.

Гузашта аз ин, вазири тандурустӣ илова намуд, ки Роҳбари Вазорати тандурустӣ инчунин хотиррасон кард, ки дар портали Хидматҳои давлатӣ шаҳрвандоне, ки ваксина гирифтаанд, метавонанд шаҳодатномаи эмгузаронӣ алайҳи COVID-19 гиранд.

Ингуна хидматрасонӣ дар Русия аз 1 январи соли 2021 дастрас шуд.

Барои эҳтиёт: дастури Бердимуҳаммадов барои харидории ваксина алайҳи COVID-19

Қаблан хабар дода шуд, ки дар нимаи аввали соли 2021, шаҳрвандони Русия метавонанд худ интихоб кунанд, ки аз кадом намуди ваксина эм шаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар Русия алъон алайҳи маризии коронавирус ду намуд ваксина мавҷуд аст.

Ваксинаи сохти Русия - "Спутник V"- ро ҳанӯз 11 августи соли гузашта сабти ном карданд. Ваксинаи дуюм бошад 15 октябр ба қайд гирифта шуд.

Барчаспҳо:
навор, эмгузаронӣ, Русия

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ