05:51 25 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Видео

Низомиён дар Новосибирск куҳансарбози ҶБВ-ро табрик карданд - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
62 0 0

Низомиён куҳансарбози русро бо фарорасии Соли нави милодӣ табрик карданд, ва ба куҳансарбоз суруду тӯҳфаҳо тақдим намуданд

Сарбозони Ҳавҳзаи марказии ҳарбии Русия Михаил Асанови куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватаниро, ки ба сини 95-солагӣ расидааст бо фарорасии Соли нав табрик намуданд.

Навори табрикотиро Вазорати дифои Русия рӯзи сешанбе нашр кардааст.

Низомиён бо ширинҳо ба хонаи Асанов омаданд.

Барои куҳансарбоз, инчунин консерти онлайнии ансамбли суруду рақси “Чалдонӣ” намоиш доданд. Зимни дидор дирижёри оркестри низомӣ табрикоти оркестри худро расонида, ҳамроҳ бо сарбози дигар сурудеро аз даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ овозхонӣ кард.

Вазорат инчунин таъкид кард, ки "зимни ин дидор тамоми чораҳои зидди эпидемиологӣ барои пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус андешида шуданд."

Асанов Михаил Васильевич дар синни 16-солагӣ ба ҷанг рафт. Дар моҳи майи соли 1944 вай ба Фронти 3-юми Беларус фиристода шуд. Аввалин иштироки Асанов дар ҷанг дар назди Витебск будааст ва сипас дар набардҳои шадид барои озодкунии Беларус, Литва ва ҳамла ба шаҳри Конигсберг ширкат варзидааст. Вай ду маротиба маҷрӯҳ бардоштааст.

Вай бо ордени Шарафи дараҷаи сеюм, ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ду медали "Барои шуҷоат" мукофотонида шудааст. Пас аз адои хидмати ҳарбӣ, ӯ ба шаҳри Юрга омад ва дар як корхонаи муҳандисӣ кор мекард.

Барчаспҳо:
туҳфа, табрик, Соли нав, куҳансарбоз, Русия

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ