03:24 28 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Видео

Пиразани камёфт: чӣ гуна бибӣ бемории Паркинсонро нокаут кард - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
175 0 0
© RUPTLY

Бокс барои зан на танҳо завқ ё вақтгузаронӣ аст, балки роҳи шикасти бемории Паркинсон низ мебошад

Нэнси Ван Дер Стратен аз Туркия дар 74-солагӣ худро муборизи ҳақиқӣ нишон дод: вай бо бемории Паркинсон бо усули ғайристандартӣ мубориза мебарад.

Пиразан ба солхӯрдагии худ нигоҳ накарда, қарор дод, ки ба таври ҷиддӣ ба варзиш машғул шавад ва ба бахши муштзанӣ худро номнавис кардааст.

Гарчанде ин намуди варзиш қаблан ба ӯ маъқул набуд, ҳоло ӯ ягон машқро аз даст намедиҳад.

"Муштзанӣ аз он ҷиҳат муфид аст, ки набзи ман зиёд шуда, ҳамчунин бисёр арақ мекунам",- гуфт нафақахӯр.

Пиразан ҳатто ҳангоми карантин дастпӯшакҳояшро канор нагузошт. Вақте ки толорҳо баста шуданд, вай халтаҳои регдорро барои муштзанӣ истифода бурд.

Мураббӣ Нэнси гуфт, ки бисёриҳо аз даспарвари ӯ дар ҳайратанд ва пиразан муштзанҳои дигарро сахт ҳавасманд мекунад.

Барчаспҳо:
талош, беморӣ, муштзанӣ, пиразан

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ