19:54 18 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Видео

Чаро боварӣ ба ваксинаи русии зидди коронавирус зиёд шудааст?

Гирифтани линки кӯтоҳ
212 0 0
Ruptly / twitter.com/samfazeli8 / twitter.com/sputnikvaccine / РФПИ

Ваксинаи сохти русии "Спутник V" торафт маъруфияти бештареро касб намуда, ҷуғрофиёи васеътарро фаро гирифта истодааст. Дар Алҷазоир ба таври фаврӣ ин ваксинаро сабти ном карданд

Ваксинаи "Спутник V"-ро таҳлилгари умури дорусозии Bloomberg низ ҷонибдорӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, ба ин ваксина ҳеч шаку шубҳае нест.

“Мақомоти маҳаллии тандурустии Русия "Спутник V"-ро бо такя ба таҷрибаҳо дар бораи самаранокию бехатарияш тасвиб карданд. Он чизеро, ки мо дар бораи "Спутнике V" ва таркибаш медонам, бовариеро дар вуҷудамон ҷой мекунад”, - навишт  таҳлилгари дорузсозӣ Сэм Фазели.

Таъсири ваксинаи русиро аллакай беш аз 23 ҳазор нафар аз сар гузарондаанд, ки самаранокияш беш аз 90 дарсадро ташкил медиҳад. Мақомоти Алҷазоир низ ваксинаи русӣ алайҳи коронавирусро ба қайд гирифтанд. Қаблан ин корро Аргентина, Боливия ва Сербия анҷом доданд.

Интиқоли ваксинаи сохти русӣ ба манотиқи Африқоӣ низ шурӯъ шудааст, хабар дода буд, муовини вазири умури хориҷии Русия, Михаил Богданов. Ҳамчунин ӯ илова намуд, ки "таваҷҷӯҳ ба ваксинаи русӣ зиёд аст ва дархостҳои бисёреро дастрас мекунем". Вай гуфт Русия намехоҳад дар ин масъала касеро ранҷонад.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати тандурустии Русия аввалин ваксинаро дар ҷаҳон барои пешгирӣ аз маризии коронавирус истеҳсол кард, ки таҳиягарони он Маркази илмии Гамалея мебошад. Номи онро "Спутник V" гузоштанд.

Гуфта мешавад, ваксинаи мазкур бехатару самаранок буда, то ду сол масуният аз ин вирусро кафолат медиҳад.

Барчаспҳо:
дору, вируси корона, Русия

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ