02:10 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Видео

Набарди дидании "Тоҷик": пирӯзии Муин Ғафуров бар Уолтери Коста-Рикӣ-видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
55410

Муин Ғафуров бо тахаллуси "Тоҷик" пас аз чанд муддати дур будан аз майдон бо бозгашташ намояндаи Коста-Рика, Уолтер Замораро мағлуб кард

Муҳорибаи ахири “Тоҷик” шоми гузашта соати 19:00 бо вақти Душанбе дар шаҳри Абу-Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷиу Ҷитсу арена доир гашт.

Варзишкори тоҷик дар ин муҳориба пешсаф буд ва аз худ маҳорати баланд нишон дод. Бо ҳамалоти пайдарпай ва шадид то охири бозӣ инони рақобатро дар даст дошт ва холҳои бештарро соҳиб шуд.

Дар охир бо қарори доварон Муин Ғафуров ғолиб дониста шуд.

Муин Ғафуров варзишгари ҷавон ва серҷоизатарин миёни варзишкорони кишвар дар ин намуди вазриш мебошад.

Ӯ ҳамагӣ 25 сол дорад, аммо дар ин синну сол ба чандин мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардида, рақобатҳои сатҳи ҷаҳониро ба нафъи худ анҷом додааст.

Муин қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбои ҳарбӣ (WCSF), қаҳрамон ҷаҳон оид ба  грепплинг (FILA), қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи MMA (WKA) мебошад.

Вай ҳамчунин барандаи унвони Устоди варзиши самбои ҳарбӣ низ ҳаст.

Ғафуров тайи солҳои ахир талош дорад, ки ба бузургтарин майдони рақобатҳои UFC шомил шавад, аммо то кунун бенатиҷа буданд.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ