01:50 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Видео

"Як қадами хуби рамзӣ": гоми нахустини Русияву Амрико барои коҳиши танишҳо

Гирифтани линки кӯтоҳ
163 0 0
Ruptly / Sputnik / Минобороны России

Маҷлиси Думаи Русия рӯзи чаҳоршанбе тарҳи тамдиди 5 солаи Созишнома оид ба паймони коҳиши таслиҳоти ҳастаиро тасвиб кард

Дар пайи гуфтугӯи телефонии ахири Владимир Путин ва Ҷо Байден, раисони ҷумҳурии Русия ва Амрико ва тавофуқи ду тараф барои мубодилаи ёддоштҳои дипломатӣ дар заминаи тамдиди ин паймон, Путин тарҳи тамдиди ин паймонро ба Думаи Русия пешниҳод кард.

Ин тарҳ рӯзи чаҳоршанбе бо унвони "Тавофуқномаи тамдиди паймон байни Русия ва Амрико барои коҳишу маҳдудсозии таслеҳоти таҳоҷумии роҳбурдӣ" дар Думаи Русия ба раъй гузошта шуд ва намояндагон бо тамдиди панҷсолаи он мувофиқат карданд.

Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия ахиран эълом кард: Ин паймон ба муддати панҷ сол бидуни пешшарт ва бидуни ҳеҷ замимае тамдид мешавад.

Бар асоси Созишнома оид ба паймони коҳиши таслиҳоти ҳастаӣ, ки соли 2010 миёни Русия ва Амрико баста шуд, ду кишвар тавофуқ карданд теъдоди кулоҳакҳои ҳастаии роҳбурдии худро ба ҳазору 550 адад, мустақар бар рӯйи ҳаддиаксар 700 мушаки баллистики қорапаймо ва бомбаафкани роҳбурдӣ маҳдуд кунанд.

Давлати Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии собиқи Амрико барои тамдиди Паймони старти нав шартҳоеро матраҳ мекард, ки бо мухолифати Русия рӯ ба рӯ шудаву сарнавишти ин паймонро номаълум карда буд.

Барчаспҳо:
коҳиш, паймон, созишнома, Амрико, Русия

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ