12:26 09 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Видео

Пикети Бутина назди қабулгоҳи ВУХ: ӯ чиро талаб кард - навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
76 0 0

Мария Бутина аъзои палатаи ҷамъиятӣ тасмим гирифт, ки ҳамкоронашро аз Sputnik дастгирӣ кунад ва дар бораи нақзи озодии сухан дар Аврупо хотиррасон намояд

"Фишор ба рӯзноманигорони Латвияро хотима диҳед", - бо чунин шиор Мария Бутина назди хонаи қабули Вазорати умури хориҷаи Русия баромад.

Вай бо ин амали худ кӯшиш кард, ки диққати раиси САҲА-ро ба бӯҳрони озодии сухан дар Латвия, ки моҳи декабри соли гузашта чанд рӯзноманигори русзабон мавриди боздошт қарор гирифтанд, ҷалб кунад.

Собиқ муҳаррири Вaltnews дар бораи таъқиби ВАО: Латвия ба ақидаи алтернативӣ ниёз надорад

Ба гуфтаи Бутина, Русия "борҳо ба САҲА муроҷиат карда ва хостори тавзеҳот дар бораи ин вазъ шуда буд", зеро ин созмон "кафили ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Аврупо" аст.

Пикети Мария Бутина дар ҳоле сурат гирифт, ки дар Маскав намояндаи САҲА Анн Линде қарор дорад. Линде ба хотири мулоқот бо роҳбари Вазорати умури хориҷаи Русия озими Маскав шудааст.

Баъдтар, Мария Бутина дар бораи таъқиби шахсии Анн Линда пурсид, аммо вай аз посухи мустақим худдорӣ кард.

Барчаспҳо:
Русия

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ