11:53 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Видео

Бозии Тоҷикистон - Беларус дар "Ҷоми рушд": навори лаҳзаҳои беҳтарин

Гирифтани линки кӯтоҳ
119 0 0

Чӣ гуна Тоҷикистон тими охирин дар "Ҷоми Рушд-2021"-ро бурид ва барандаи мусобиқа шуд - дар як видеои кӯтоҳ

Тими наврасони Тоҷикистон пас аз шикаст додани ҳама ҳарифонаш барандаи мусобиқаи "Ҷоми рушд-2021" гардид.

Миллипӯшони кишвар то расиндан ба ин зина аввал Қазоқистону Молдова ва сипас мизбони мусобиқаи "Ҷоми рушд-2021" - мунтахаби Беларусро шикаст доданд.

Дар бозии ниҳоӣ аввалин шуда беларусҳо ҳисобро кушоданд ва голи нахустро Иван Агеев зад.

Аммо, наврасони тоҷик дер интизор нашуданд ва пас аз ду дақиқа ҳисобро баробар карданд. Дастаҳо ба танаффус бо ҳисоби 1: 1 рафтанд.

Эҳтимол суханҳои нерӯдиҳанда ва тарҳи сармураббии тавонои тоҷик барои майдондорӣ кор дод, ки дар нимаи дуввум, тими ҷавонони кишвар ба дарвозаи беларусҳо се гол заданд.

Голҳоро Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Сунатулло Азизов ва Фаррухзод Амирҷонӣ ба самар расонданд. Голи чорум бо зарбаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонда шуд.

Ҳафт бар як: Яккачини ҷавонони Тоҷикистон мунтахаби Қазоқистонро голборон кард

Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад. Имсол барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа мунтахаби наврасони соли таваллудашон на бештар аз 2004 талош карданд.

 

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ