12:52 09 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Видео

Тоҷикистон қаҳрамон! Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони "Ҷоми рушд": видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
423 0 0

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон соҳиби медалҳои тилло ва барандаи воқеии "Ҷоми Рушд - 2021" гардид

Рӯзи гузашта дар Минск маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони "Ҷоми рушд-2021" баргузор шуд.

Мизбони мусобиқа - Беларус - дар мусобиқа бо холҳои сифр дар ҷои охирин қарор гирифт. Ҷои сеюмро дастаи ҷавонони Молдова ишғол мекунад.
Ҷойи дуюм насиби футболбозони Қазоқистон гардид.Ҷойи аввалро дастаи футболи ҷавонони Тоҷикистон ба даст овард.

Тоҷикистон дар ин мусобиқа бо боварӣ аз ҳамаи рақибон гузашта, ҳар як дастаро бо ҳисоби калон шикаст дод.

Футболбозони ҷавон ба унвони қаҳрамон ба ватан бармегарданд.

Мусобиқаи анъанавии зимистона барои дарёфти "Ҷоми рушд-2021"  дар толори футболи Минск тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад. Имсол барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа мунтахаби наврасони соли таваллудашон на бештар аз 2004 талош карданд.

Барчаспҳо:
ҷоиза, пирӯзӣ, мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ