09:29 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Видео

Барфрезии шадид аз Осиё то Аврупо: бадтарин вазъ дар Амрико - навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
333 0 0
© Youtube

Зимистони имсола махсусан сербарф буд. Ва на танҳо дар Русия. Ҳатто Арабистони Саудӣ, Миср ва Исроилро фаро гирифт.Пас аз муддатҳои тӯлонӣ соҳили баҳри Балтика ях баст

Барфрезии шадид аз ҳама беш сокинони Иёлоти Муттаҳидаро дар ҳолати ногувор гузошт. Бинобар боришоти шадиди барф, миллион амрикоиҳо бе обу барқ монданд.

Ғайр аз ин, ҳудуди 14 иёлот аз сабаби сардиҳои шадид бе неруи барқ монданд.

Суқути энержӣ на танҳо аз шароити обу ҳаво, балки аз он сабаб ба амал омадааст, ки шаҳрвандон гармкунакҳои барқиро дар хонаҳои худ бо иқтидори пурраашон ба кор даровардан гирифтанд, ки система ба он тоқат карда натавонист.

Дар натиҷа, дар Орегон беш аз 230,000 нафар, дар Кентуккӣ тақрибан 145,000, дар Луизиана беш аз 115,000, дар Вирҷинияи Ғарбӣ қариб 100,000 ва дар Техас 4,3 миллион нафар бе барқ ​​монданд.

Илова бар ин, қубурҳои яхкардашудаи об кафида, биноҳои истиқоматиро зери об гузоштанд.

Кишвардори Амрико Ҷо Байден дар Техас бинобар бориши барф ва сардиҳои ғайримуқаррарӣ офати табиӣ эълон кард.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ