12:40 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Видео

Мулоқоти бидуни галстуки Путин ва Лукашенко - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
324 0 0
© Sputnik

Коронавирус, пул ва марзбандӣ аз мавзӯҳои меҳварии мулоқоти Путин бо Лукашенко дар шаҳри Сочи буданд, ки тафсилоти онро метавонед дар навор тамошо кунед

Мулоқоти Александр Лукашенко ва Владимир Путин дар Сочи бидуни галстук  сурат гирифт. Ба гуфтаи раҳбари Беларус, ин нишонаи эътимоди хос аст.

Давомнокии гуфтушунидҳо маҳдуд нашудааст. Аммо ғизои нисфирӯзӣ ва лижаронӣ пешбинӣ шудааст ва онро  Путин пешниҳод кард.

Дар соатҳои аввали мулоқот аллакай якчанд изҳорот дода шуд. Нахуст дар бораи коронавирус сӯҳбат шуд.  Дар ояндаи наздик Москва бастаи нави ваксина алайҳи коронавирусро ба Белорус интиқол медиҳад. 

Лукашенко мӯътақид аст, ки иштироки фаъоли Русия дар ваксинасозӣ нишонаи рушди маориф ва илм дар кишвар аст. Минск аллакай технологияи истеҳсоли онро гирифтааст. То тирамоҳ, Беларус доруи худро барои COVID-19 пешниҳод мекунад.

Боз як хушхабар дар заминаи коронавирус ин аст, ки Беларус ва  Русия ҳаракати нақлиёт тавассути марзро то тобистон аз сар мегиранд.

Масъалаи молиявӣ низ матраҳ шуд: Русия бузургтарин сармоягузор барои Минск боқӣ мондааст, таъкид кард Путин ва рақамҳои мушаххас овард. Шакли ҳамкорӣ дар сатҳи роҳбарони минтақаҳои Русия ва Беларус талаботи замон арзёбӣ шуд.

Гузашта аз ин, маҳсулоти Беларус дар Русия талабот доранд. Минск эътироф мекунад, ки кӯмаки молиявии Русия саривақтӣ ва муҳим буд. Пул "ба ҳаво" партофта нашуд, итминон медиҳад Лукашенко.

Президентҳо пеш аз рафтан ба лижаронӣ дар Сочи дар бораи он чӣ сӯҳбат карданд, дар видео тамошо кунед.

Барчаспҳо:
мулоқот, Белоруссия, Русия

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ