Банди капитанро партофту баромад: хашми Роналду аз ҳисоб нашудани голаш - видео

Обуна шудан
Криштиану Роналду ҳамлагари тими миллии футболи Португалия банди капитанро бо хашм партофту майдонро тарк кард
Бозии интихобии Ҷоми ҷаҳонии FIFA-2022 байни Португалия ва Сербия бо ҳисоби 2: 2 хотима ёфт. Ҳатто голи ҳамлагари Португалия Криштиану Роналду вазъиятро наҷот надод.
Футбольный матч - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Лаҳзаҳои беҳтарини бозии байни дастаҳои футболи мунтахаби Тоҷикистону Муғулистон - видео
Дар дақиқаи иловашуда ба қисми дуюм, ӯ аз дохили майдони ҷаримавӣ ба дарвоза зарба зад. Аммо, ба ҳимоятгари серб муяссар шуд, ки голро дар вақташ боздорад. Вай тӯбро аз болои хати дарвоза гардонд.
Дар такрори видео дида мешавад, ки чӣ гуна тӯб хати дарвозаро убур мекунад, аммо доварон голро ба ҳисоб нагирифтанд ва дар вақти вохӯрӣ аз низоми ёрдамчии довар (VAR) истифода накарданд. Роналду кӯшиш кард, ки ба қарори довар эътироз кунад ва бо онҳо муноқиша кард, вале фавран корти зард гирифт.
Футболбоз аз ин натиҷа ба ғазаб омада, банди капитанро ба майдон партофт ва баромад.
Баъдтар, Роналдо дар Инстаграм навишт, ки мақоми сардорӣ дар тими миллиро аз авлавиятҳои худ медонад ва аз он хеле ифтихор мекунад.
"Вақтҳои душвор вуҷуд доранд, алахусус вақте ҳис мекунем, ки тамоми миллат азият мекашад. Дар баробари чолишҳои нав бояд қомат рост кард", - гуфт Роналду.
Баъдтар маълум шуд, ки довар аз сармураббии тими миллии Португалия Фернандо Сантуш барои ҳисоб накардани гол узр пурсидааст.
Лентаи хабарҳо
0