Ғанӣ вақте Раҳмон Муҳриддинро муаррифӣ мекард, гуфт: "заҳмати бисёр кашиданд" - навор

Обуна шудан
Дар Душанбе раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғаниро пуршукӯҳ пешвоз гирифтанд, ки бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд
Президенти Афғонистон Ашраф Ғаниро дар Тоҷикистон бо қароули фахрӣ пешвоз гирифтанд. 
29 марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси 9-уми вазирони кишварҳои "Қалби Осиё-Раванди Истамбул" ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Дар марз дӯстию ҳамкорӣ бошад: созиши Раҳмону Ғанӣ барои мубориза бо қочоқу терроризм
29 март маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  Муҳаммад Ашраф Ғаниро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.
Вақте президент Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Тоҷикистонро муаррифӣ мекард ва дар назди вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин қарор доштанд, Ғанӣ гуфт, ки "заҳмати бисёр кашиданд".
Зоҳиран ин изҳороти Ғанӣ ба омодагиҳои ҷониби Тоҷикистон ба ин сафар ишора мекард.
Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистон меравад
Ёдрас мешавем, пештар Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ҳамтои афғони худ масъалаи сафари қарибулвуқӯи кишвардори Афғонистон ба Тоҷикистонро баррасӣ кард.
Вазирони ду кишвар масъалаи сафари Ашраф Ғаниро зимни як тамоси телефонӣ, ки бо пешниҳоди ҷониби Афғонистон сурат гирифт, муҳокима намуданд.
Вазири тоҷик бо ҳамтои худ Муҳаммад Ҳаниф Атмар дар баробари масъалаи сафари раисҷумҳури Афғонистон, инчунин ҳамкории минтақавӣ дар раванди истиқрори сулҳ ва субот дар он кишварро низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Масъалаи энергетика ва нақлиёт аз мавзӯъҳои дигаре буданд, ки зимни сӯҳбати телефонӣ дар доираи онҳо табодули назар сурат гирифт.
Лентаи хабарҳо
0