03:43 20 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Видеоклуб

Парвози аҷоиб дар фазои Дубай

Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0
© Youtube XDubai

Ҳавонаварди швейтсарӣ бо таҷҳизоти худсохти реактивиаш дар фазои Дубай парвоз кард.

Ин навор дар бораи парвози ҳавонавард ва ихтироъкори швейтсарӣ Ив Росси ва ҳамтояш Венс Реффет нақл мекунад, ки дар таҷҳизоти худсохти реактивии тамғаи Jet Man сайри фазои Дубай доштанд.

Таҷҳизот бо он фарқ мекунад, ки пар надорад: идораи он бо мувозинати вазн ва ҳаракати дасту пой ва сари халабон сурат мегирад. Барои оғоз кардани парвоз таҷҳизотро бо чархбол ва ё ҳавопаймо ба ҳаво мебароранд, сипас барои ба замин нишастан аз чатр (парашют) истифода мегардад.

Вазни рантс (таҷҳизоти худсохти парвоз), ки соли 2012 сохта шудааст бо сӯзишвориаш 55 килограмро ташкил медиҳад. Суръати ҳаракати он дар як соат то 300 километр буда, ба сифати сӯзишворӣ керосини авиатсионӣ истифода мегардад.

Навори дувоздаҳқақиагӣ, ки ҳамакнун шумо онро дида метавонед, аз дохили ҳавопаймо ва дурбинҳои махсуси GoPro-и дар кулоҳи Росси ва Рефет насбшуда бардошта шудааст.Парвози онҳо аз биёбон шурӯъ гардида, то баландтарин бинои дунё- Бурҷи Халифаи Дубай ва атрофи он идома дошт.

 

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ