09:15 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Главный вход в Донское кладбище

Охирин макони инқилобчиён: қаҳрамонҳои Тоҷикистон дар кадом оромгоҳи Маскав мехобанд

CC BY-SA 3.0 / NVO
Назарсанҷӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Таърихи Тоҷикистон дар харитаи Маскав (22)
200 0 0

Қабристони Донск оромгоҳи се ходими сиёсие гаштааст, ки бе корнамоиҳои онҳо Тоҷикистони имрӯза ҳамчун ҷумҳурӣ шояд вуҷуд дошта наметавонист

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Қабристони "Донское" дар назди дайри (манастир) Донской ҷойгир шудааст. Ҳоло дар маркази он маъбади муқаддаси Серафим ва Анна ҷойгир шудаанд.

Деворҳои баланди маъбад атрофи қабристонро маҳкам кардаанд ва хомӯшии онро танҳо овози парандаҳо халалдор мекунад. Маҳз дар ҳамин оромгоҳ се абармарди тоҷик хобиданд.

Sputnik Тоҷикистон ҳамроҳ бо коргардони машҳури тоҷик Давлат Худоназаров аз ин қабристон дидан карданд.

© Sputnik
Могила основателей Таджикистана на Донском кладбище

Хонаи мурдасӯзӣ (крематорий)

Дар қабристони Донское хотираҳои ҳазорҳо қурбониёни бегуноҳи солҳои 30-юми асри гузаштаро дар худ нигоҳ медорад. Дар ҷойи ин маъбад тайи 60 сол аввалин хонаи мурдасӯзӣ дар шаҳри Маскав ҷойгир шуда буд.

Дар ин қабристон лавҳае мавҷуд аст, ки дар он навишта шудаасст "Қабри умумии №1" ("Общая могила №1") ва дар он ҷо хокистари қурбонҳои сиёсатҳои солҳои 30-юм дафн шудаанд. Болои ин қабри умумӣ пур аз лавҳаҳои навиштаи номҳои дар он ҷо мадфун мебошад. Сол аз сол ин навиштаҳо зиёд шуда истодаанд.

Аз рӯи ҳисобҳо дар ин ҷо тайи солҳои 1930-1942 зиёда аз 4 ҳазору 200 нафар сӯзонида, хокистарашон партофта шудааст. Ҳамаи онҳо қурбонии таъқиботи режими сталинӣ шуда, душмани миллат эълон шуда буданд. Онҳоро аввал мепарониданд ва баъдан дар ин мурдасӯзхона оташ зада, хокистарашонро дар беруни он бино мепартофтанд.

Миёни ин қурбониён се абармарде, ки дар роҳи ташкил ва пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои беназир карда буданд мадфунанд. Инҳо: Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Ниссор Муҳаммад – қаҳрамонҳои миллати тоҷик мебошанд, ки бо шарофати онҳо Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии алоҳида шинохта шуд.

“Вақте мо бори аввал бо писари Шоҳтемур ба ин ҷо омадем, ҳамагӣ номи 3-4 кас дар лавҳаҳо навишта шуда буданду халос. Ҳоло бошад, чихеле ки мебинед, ҷой барои гузоштани лавҳае пайдо карда намешавад”, - хотираҳояшро ба ёд меоварад Давлат Худоназаров. 

Ҳарсеи ин қаҳрамонҳо бунёдгузорони давлати нави тоҷикон мебошанд. Нусратулло Махсум аввалин роҳбари Кумитаи иҷроияи марказии Тоҷикистон буд, Шириншо Шоҳтемур – роҳбари Президиумаи ҷумҳурӣ ва Ниссор Муҳаммад – аввалин коммисари маорифи халқи Тоҷикистон.  

Махсусан бо шарофати ин абармардони миллат Тоҷикистон аз ҳайати Узбакистон берун ва ҳамчун ҷумҳурии алоҳида дар ҳайати ИҶШС ворид шуд. Меҳнати ин родмардони миллат дар барпосозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамто надорад.

Ҳарсе ин абармардон дар як сол ва дар давоми 30 шабонарӯз дар моҳи октябри соли 1937 зери буҳтон ба қатл расонида шуданд.

Нисор Муҳаммад

Нисор Муҳаммад зодаи Ҳиндустон (ҳоло Покистон) аввалин коммисари маорифи халқи Тоҷикистон мебошад. Вай мактабҳо, китобхонаҳо, боғчаҳои кӯдакона, омӯзишгоҳҳои нав бунёд намуда дар пешрафти маорифи халқи тоҷик хизматҳои шоиста кардааст.

Фаъолиятҳои касбии ӯ сабаби туҳмату буҳтон бар зиди ҳукумати вақтӣ дониста шуда, ба қатл расонида шудааст.

То ҳол 100 фоиз исбот нашудааст, ки Нисор Муҳаммад дар қабристони Донское хобидааст, чунки ҳуҷҷатҳо дар бораи қатли ӯ то ҳол боқӣ намондаанд. Аммо мегуянд, ки вай ҳангоми пурсиш аз тарафи муфаттиш паронида шудааст. Ҳангоми қатлаш синнӣ ӯ аз 40 поён будааст.

“Ман бо бисёр одамоне, ки шоҳиди ин воқеаҳо буданд ҳамсуҳбат шудам. Онҳо мегуянд, ки агар ӯро ҳангоми пурсиш паронда бошанд, сӯзонида шудааст ва хокистараш дар ҳамин қабри умумӣ аст”, - мегуяд Давлат Худоназаров.

Дар соли 2018 болои қабри умумии №1 номи ӯ низ пайдо шуд.

Шириншоҳ Шоҳтемур

Шириншоҳ Шоҳтемур яке аз роҳбарони Тоҷикистони Шӯравӣ ба шумор меравад. Дар асоси ҷоннисориҳои ӯ дар баробари дигар фарзонафарзандони миллати тоҷик Тоҷикистон аз ҳайати Узбакистон хориҷ шуда, ҳамчун ҷумҳурии алоҳида ба ИҶШС шомил карда шудааст ва маҳз бо шарофати ӯ Хуҷанд ба Тоҷикистон дохил карда шудааст.

Моҳи октябри соли 1937 Шириншоҳ бо қатора аз Тоҷикистон ба Русия меояд. Дар Маскав дар меҳмонхонаи Метропол ҷойгир мегардад, аммо баъди чанде дастгир карда мешавад. Ҳамин тариқ 27 октябри соли 1937 фармони қатли ӯ ба имзо мерасад.

Худоназаров бар ин аст, ки Шоҳтемур пай бурда буд, ки ӯро зиндон мекунанд. Масалан, чанде пеш аз сафараш ба Маскав ӯ ронандаашро ба муҳлати ду моҳ ба рухсатӣ равон карда буд.

"Мисли ҳазорҳо ашхоси дигар Шириншоҳ паронида ва ҷасадаш сӯзонида шудааст. Хокистараш дар ҳамин қабри умумӣ мадфун аст", - тавзеҳ дод Худоназаров.

Ҷои қабри падарро фарзандони қаҳрамони миллат Шириншоҳ ва Рустам танҳо дар соли 1990 донистанд. Ин ҳам баъди интишори китоби "Рӯйхати парондашудаҳо" буд. Онҳо ба сари қабр мулло даъват карда дуо хондаанд ва то ҳол ҳар сол аз онҷо хабар мегиранд.

Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум аввалин роҳбари Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон мебошад. Хизматҳои ӯ низ мисли Шириншоҳ Шоҳтемур дар бунёди Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии алоҳида дар ҳайати ИҶШС беандоза аст.

"Ҳангоми шинос шудан бо санади коммисияи тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ Нусратулло шахсан бо мактуб ба КМ ҲКР(б) ба номи И. В. Сталин бо хоҳиши ба Тоҷикистон унвони ҷумҳурии мустақил дар ҳайати ИҶШС додан, муроҷиат мекунад", - мегуяд коргардони машҳури тоҷик Сафарбек Солиҳов.

Ба ақидаи вай махсусан мактуби Махсум ба қарори коммисияи тақсимотӣ таъсир намуд ва онҳо ба ҷои Вилояти автономии Тоҷикистон дар ҳайати Узбакистон Ҷумҳурии автономӣ қабул карданд.

Нусратулло Махсум инчунин ташаббускори қабули қонун дар бораи авфи умумӣ буд, ки дар асоси он зиёда аз ҳазорҳо муҳоҷирони сиёсӣ ба хонаҳояшон баргаштанд.

Корҳои сиёсии ӯ аз тарафи КМ хато ҳисобида шуданд ва ӯро аз вазифааш озод намуда барои омӯзиш ба Маскав фиристоданд.

Баъдан ӯро зиндонӣ намуда, 31 октябри соли 1937, се рӯз баъд аз Шоҳтемур, ба қатл расониданд. Аммо ӯ чанд моҳ пеш аз қатлаш дастгир шуда буд.

Духтари Нусратулло Хосият дар бораи он рӯзҳои мудҳиш чунин мегуяд:

"Ҳодиса рӯзи 12 июл сар зад. Мо аҳли оила дар Тетковои Подмосковие истироҳат мекардем. Ёд дорам баъди нисфирӯзӣ буд, се нафар ба онҷо омада дар "газик" падарамро бурданд. Вақте, ки падарамро мебурданд ӯ моро бӯса кард. Модарам пурсид: "Ман акнун танҳо чӣ кор мекунам бо кӯдакон?". Падарам чунин ҷавоб дод: "Истироҳатро давом диҳед, ман ягон гуноҳ надорам, рафта дар Маскав ҳамаашро мефаҳмонам ва ба назди шумо бармегардам". Ин гапҳо суханҳои охирини падарам буданд. Ман суханҳои ӯро фаромӯш карда наметавонам ва то охири умр дар хотир нигоҳ хоҳам дошт. Он вақт ман 11 сола будам, бародаронам Акбар – 8 ва Музаффар – 54 рӯза буд".

Нисбат ба қатли Махсум маълумоти ягона нест. Мувофиқи як маълумоте, ки дар рӯзномаи "Коммунисти Тоҷикистон" омадааст вай 31 декабр бо ҳукми қатл шинос шуда будааст.

Қаҳрамонҳои сафедшудаи Тоҷикистон

Ҳамаи буҳтонҳое, ки дар ҳақи шахсони аввали ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 30-юм карда шуда буданд беасос дониста мешаванд. Онҳо сафед шуданд. Ягонтои онҳо дар ташкили ақидаҳои зидишӯравӣ иштирок накарда буданд, баракс баҳри пешрафти ҳукумати вақтӣ фаъолиятҳои самаранок карда буданд.

Ҳамаи қурбониёни солҳои 30-юм аз Тоҷикистон аз ҷумла Шириншоҳ, Нусратулло ва Нисор алакай дар солҳои 50-уми асри гузашта сафед шуда буданд.

Ҳоло болои қабри умумии №1 дар гуристони Донское дар шаҳри Маскав, ки дар он ҷо се ин се родмарди миллати тоҷик хобанд, пур аз гулдастаҳо мебошад.  Дар бораи онҳо чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Русия ёддовар мешаванд.

Мавзуҳо:
Таърихи Тоҷикистон дар харитаи Маскав (22)
Барчаспҳо:
Нисор Муҳаммад, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур, қаҳрамон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ