06:43 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Встреча В.Путина с Т.Николичем

Сербистон аз эъломи таҳрим алайҳи Русия худдорӣ кард

© Sputnik / Михаил Климентьев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Президент ва нахуствазири Сербистон новобаста аз фишори Иттиҳоди Аврупо ба иқдоми кишварҳои ғарбӣ, ки алайҳи Русия таҳрим эълон кардаанд, ҳамроҳ нашуданд.

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Томислав Николич, райисҷумҳури Сербистон гуфт, кишвараш ҳаргиз бар зидди Русия таҳрим эълон намекунад, хабар медиҳад Russia Today.

Дар ин бора ӯ пас аз анҷоми мулоқот бо Йоханес Хан, комиссари ИА оид ба масоили сиёсати ҳамсоякишварҳои дӯст ва тавсеъа рӯзи 20-уми ноябр дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт.

"Сербистон дар чорчӯби пайвастан ба ИА ӯҳдадории ҳуқуқӣ гирифтааст, ки масоили мушкил, аз ҷумла эъломи таҳримҳоро алайҳи Русияро зина ба зина бо Иттиҳоди Аврупо мувофиқа кунад",-гуфт Хан ва афзуд, "мо аз Белград иҷрои ин ӯҳдадориро интизорем".

Ҳамзамон, баъди вохӯрӣ бо комиссари аврупоӣ президенти Сербистон мавқеи кишварашро чунин эълон кард: Сербистон ба ҳеч ваҷҳ алайҳи Русия таҳрим эълон нахоҳад кард, ҳарчанд кӯшиши ҷиддӣ барои пайвастан ба ИА дошта бошем ҳам…

Санкции в связи с событиями в Крыму и на юго-востоке Украины
© Sputnik / Инфографика

Александр Вучич, нахуствазири Сербистон низ пас аз мулоқот бо Хан илова кард, ки ҳеч вақт кишвараш ҷонибдори таҳрим алайҳи Русия набуд. Қаблан Вучич дар ин бора ҳам ибрози назар карда буд.

Бори охир Иттиҳоди Аврупо дар нисбати Русия моҳи сентябри соли равон таҳримҳои нав эълом дошт. Ин таҳримот ба корхонаҳои истеҳсоли нафт, саноати ҳарбӣ, авиатсия ва бонкҳои давлатӣ дахл мекунад.

Бино ба навиштаи расонаҳо, ИА тасмим дорад таҳримҳои навбатиро алайҳи Русия дар моҳи декабр роҳандозӣ кунад.

Барчаспҳо:
Йоханес Хан, Белград, Томислав, ИА, Русия, Николич, Вучич, таҳрим, Сербистон

Мавзӯъҳои асосӣ