23:58 21 феврали 2018
Пахши мустақим
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Аслов, архивное фото

Аслов: Афғонистон пас аз хурӯҷи неруҳои НАТО ба кӯмак ниёз дорад

© Sputnik / Михаил Воскресенский
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Сарвари идораи равобити хориҷии Тоҷикистон аснои суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи САҲА (Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо) дар Базел даъват кард, ки пас аз хурӯҷи неруҳои эътилофии НАТО (Паймони Атлантикаи Шимолӣ) ба Афғонистон ҳамаҷониба кӯмак расонида шавад.

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Мушкилоти Афғонистон баъд аз хурӯҷи неруҳои низомии НАТО аз муҳимтарин нуқтаи суханронии Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 21-уми Шӯрои ВУХ САҲА дар Базел буд, менависад сомонаи ВКХ ҶТ.

"Роҳи асосии расидан ба сулҳу субот дар Афғонистон ва амнияти пойдори минтақа кӯмаки ҳамаҷониба расонидан ба иқтисодиёти ин кишвар ва дастгирии бахшҳои иҷтимоӣ аст. Барномаи вижаи ироаи ёрмандиҳои фанниву молиявӣ бояд дар ин росто роҳандозӣ шавад",-иброз дошт ӯ.

Аслов гуфт, барои рушди ҳамсоякишвар зарур аст, ки ҶИА ба созмону ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ шомил шавад, ҳамгироӣ тавсеа ёбад ва кӯмакҳои иқтисодиву молиявӣ бештар шавад.

"Аз ин рӯ, Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ва комуникатсионӣ, ки иштироки Афғонистонро дар пружаи иқтисодии минтақавӣ таъмин месозад, афзалияти бештаре қоил аст",- қайд кард Аслов.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон афзуд, тақвияти марзҳои Афғонистон, ироаи кӯмак ба сарҳадбонон ва ҷиҳозонидани нуқтаҳои дидбонгоҳии марзии он кишвар ҳар чӣ зудтар бояд амалӣ шавад.

Ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи САҲА охири ҳар сол дар кишваре, ки раёсати давраии ин ташкилотро ба зимма дорад, баргузор мешавад.

Барчаспҳо:
Шӯрои вазирон, Базел, кӯмак, НАТО, Аслов, САҲА, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ