06:13 28 майи 2018
Пахши мустақим
  • USD8.98
  • EUR10.49
  • RUB0.14
Премьер Украины А.Яценюк и спикер Рады А.Турчинов возглавили новую партию Народный фронт

Турчинов ба курсии раёсати Шӯрои амнияти Украина такя зад

© Sputnik / Евгений Котенко
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1 0 0

Собиқ раиси парлумони Украина (Радаи боло) Александр Турчинов ба вазифаи котиби Шӯрои амният ва мудофиаи ин кишвар таъин гардид.

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Рӯзи сешанбе Пётр Порошенко, президенти Украина Александ Турчинов, раиси пешини Радаи болои ин кишварро ба мансаби котиби Шӯрои амният ва мудофиаи Украина таъин кард, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

"Турчинов Александр Валентинович ба мансаби котиби Шӯрои амнияту дифоъи Украина таъин карда шавад",-омадааст дар фармони Порошенко.

Андрей Парубий, собиқ котиби ШАД (Шӯрои амният ва мудофиа)-и Украина чанде қабл ноиб-раиси Радаи боло интихоб гардида буд. Ӯ дар ин симмат аз моҳи феврали соли 2014 то моҳи август ифои вазифа дошт.  

Барчаспҳо:
таъин кард, Шӯрои амнияту дифои Украина, ШАД, президенти Украина, Александр Турчинов, Порошенко, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ