04:21 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Тюремная вышка. Архивное фото

Ҷилавгирӣ аз ҳамла ба маҳбас дар Юнон

© Flickr/ Eugen Anghel
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Ҷинояткори ашаддӣ ва роҳбари гурӯҳи ифротиён, ки мавриди пайгард қарор дошт, мехост фирори оммавии маҳбусинро ташкил кунад.

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Пулиси Юнон муайян кард, ки дастгиршуда Христодулос Ксирос, террористи хавфнок ва яке аз пешвоёни гурӯҳи ҷиноии "17 ноябр" тасмими инфиҷор дар зиндонро дошт, менависад РИА Новости.

Ксирос рӯзи шанбе дар ноҳияи Анависсоси ҷануби пойтахт, минтақаи Аттика боздошт шуд. Дар хонаи ҷинояткор муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла як мушакпарто, ҳашт мусалсал (автомат)-и Калашников, се таппонча ва моддаҳои тарканда дарёфт гардид. Инчунин, нақшаи ҳуҷум ба зиндон низ дар манзили ӯ пайдо шудааст.

"Далелҳои ёфтшуда ҳокӣ бар онанд, ки ҳамла ба маҳбаси Коридаллос ба мақсади фирори зиндониён тарҳрезӣ шуда буд",- менависад Би-би-си бо такя ба суханони Димитрис Сакнакиса, сардори пулиси шаҳр. Ба қавли ӯ, ҳамла бояд дар рӯзҳои наздик сурат мегирифт.

"Пулиси Юнон аз ҳамлаи бузург ба низоми зиндонҳои кишвар ҷилавгирӣ кард",- гуфтааст Васили Кикилиас, вазири амнияти ҷамъиятии Юнон.

Моҳи январи соли 2014 Ксирос, ки ба муносибати Соли нав аз маҳбас ба муддати кӯтоҳ рухсат шуда буд, ба зиндони Коридаллос барнагашт. Тайи як соли ахир ҷустуҷӯи ин маҳбуси гуреза дар саросари Юнон идома дошт.

Барчаспҳо:
ҷилавгирӣ, дастгир шуд, боздошт шуд, ҳамла, 17 ноябр, Васили Кикилиас, Димитрис Сакнакиса, Христодулос Ксирос, Аттика, Анависсос, Юнон

Мавзӯъҳои асосӣ