23:55 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Милош Земан, президенти Чехия дар ҷавоб ба номаи бандерачиён иброз дошт, ки Бандера қасд дошт дар Украина кишвари лӯхтакмонанди нозӣ (миллатгаро)-ро таъсис диҳад.

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Президенти Чехия Милош Земан дар шабакаи иҷтимоии Facebook ба интиқоди миллатгароёни украинӣ посух дод, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Пешвои Чехия гуфт, ман ба он ки таърихчиён дар бораи ҳақиқати Степан Бандера чизеро медонанд, шак дорам.

"Ман номаи шуморо, ки дар он аз Степан Бандера пуштибонӣ мекунед, дарёфт кардам. <…> Шумо ин ибораи Бандераро дар ёд доред: "Ҳар як лаҳистонии аз 16 то 60-соларо ба қатл мерасонам"? Агар нашунидаед, пас шумо ҳеч гуна миллатгарои украинӣ нестед. Ва агар дар ин бора медонистед, оё бо ӯ розӣ шуда метавонистед? Агар, ҳа, бо шумо баҳс ба анҷом расид ",- навиштааст Земан.

Земан иброз дошт, ки Бандера қасд дошт дар Украина кишвари лӯхтакмонанди нозӣ (миллатгаро)-ро таъсис диҳад.

Ба ҳаводиси ин шабу рӯз дахл карда, президенти Чехия гуфт, аснои ҳукмронии Виктор Юшенко дар Украина ба Бандера унвони қаҳрамонӣ доданд. Ҳоло бошад, роҳбарияти вақти ин кишвар мехоҳад аз Роман Шухевич, ки дар соли 1941 шахсан фармони қатли ҳазорон яҳудиро дода буд, қаҳрамони миллӣ созанд.

Қаблан, райисҷумҳури Чехия раҳпаймоии миллатгароёни Украинаро, ки ба хотири таҷлил аз 106-солагии Степан Бандера, пешвои миллатчиён дар Киев созмон дода буданд, маҳкум кард. Земан гирдиҳамоии онҳоро ба раҳпаймоии миллатчиёни даврони Гитлер дар Олмон баробар карда, гуфт, "дар Украина падидаи баде ҷараён дорад".

Барчаспҳо:
номаи бандерачиён, кишвари лӯхтакмонанди нозӣ, президенти Чехия, Роман Шухевич, Виктор Юшенко, Степан Бандера, Милош Земан, Киев, Украина, Чехия

Мавзӯъҳои асосӣ