16:51 16 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.92
  • RUB0.14
Ислом Каримов. Акс аз бойгонӣ

Ислом Каримов муҷаддадан раиси ҷумҳур шуданист

© Sputnik
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Интихоботи гузаштаи раиси ҷумҳури Ӯзбекистон соли 2007 баргузор шуда буд, ки тибқи натоиҷи он Каримов барои ҳафт сол раиси ҷумҳур интихоб шуд. Ислом Каримов ин кишварро аз соли 1989 бад ин сӯ раҳбарӣ мекунад.

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ислом Каримов аз ҳизби Либерол-демократи Ӯзбекистон номзади интихобти раёсати ҷумҳурии ин кишвар шудааст, ки 29-уми март баргузор мешавад, хабар медиҳад РИА Новости.

"Номзадии Каримови 76-сола ахиран аз сӯйи анҷумани ҳизб пешниҳод шудааст", — омадааст дар хабар.

Интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2007 баргузор шуда буд.

Каримов ин ҷумҳуриро аз соли 1989 раҳбарӣ мекунад.

Раиси ҷумҳури феълии Ӯзбекистон нахустин номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мебошад. Пешбарии номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳур тибқи қавонин 65 рӯз қабл аз интихобот оғоз шуда ва 20 рӯз идома мекунад.

Дар раъйдиҳӣ шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки болиғ бар 18 сол ҳастанд ба ҷуз аз афроде, ки аз сӯйи додгоҳ овоздиҳии онҳо мамнӯъ шудааст ва афроде, ки дар зиндонҳо ба сар мебаранд, ширкат мекунанд.

Раиси ҷумҳури Ӯзбекистон барои 5 сол интихоб мешавад.

Барчаспҳо:
интихобот, раёсати ҷумҳурӣ, Ислом Каримов, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ